Нақши омўзиши забонҳои хориҷӣ дар муаррифии манотиқи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Конфронси вилоятии илмӣ-амалӣ бахшида ва эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мавзӯи «Нақши омўзиши забонҳои хориҷӣ дар муаррифии манотиқи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии мардуми кишвар»-ро директори ДИС ДДТТ, н.и.и. Олимӣ Рауф Латифзода ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Аз рӯи барномаи кории конфронс 6 мақолаи илмии омӯзгорон шунида шуда, мавриди муњокима қарор гирифт.

Дар аввал  маърӯзаи н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров Шарипова М.З. дар мавзӯи «Таърихи  туризм ва меҳмондорӣ дар Тоҷикистон» шунида шуд.

Дар идомаи конфронс маърӯзаи муаллими калони кафедраи  идоракунии иқтисодӣ ва маркетинги ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ҳотамов А. дар мавзӯи «Самтҳои асосии индустрияи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.

Баромади навбатӣ аз тарафи н.и.ф., дотсенти кафедраи  забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ Исмоилова М.О. дар мавзӯи «The Role of Foreign Languages in the Development of Tourism in Tajikistan» шунида шуд. Аз сабаби он, ки забони конфронс озод буд муаллима бо забони англисӣ баромад намуданд.  Муаллима дар бораи нақши забонҳои хориҷӣ дар рушди туризм дар Тоҷикистон маълумот дода, ҷойҳои таърихии ватанамонро бо слайдҳо нишон доданд.

Муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ Мақсудова С. дар мавзӯи «Донистани забонҳои хориҷӣ калиди рушди бозори тиҷоратии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии кишвар дар соҳаи туристӣ» маърӯзаи хеле пурмӯҳтаво намуда, ва  аз Паёми Пешвои миллат мисолҳо оварда, онро таҳлил намуданд.

Баъдан маърӯзаи муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ Зарипова М. дар мавзӯи «Омӯзиши забони англисӣ дар рушди муносибатҳои байналхалқӣ» шунида шуд.

Конфронс дар сатҳи баланд баргузор гардид ва дар муҳокимаи маърӯзаҳо устодони донишкада фаъолона иштирок намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *