1. Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
2. “Роғун” барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад!
3. “Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.
4. Бояд гуфт, ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба марҳалаи бисёр масъулиятнок ворид гардида, корҳои боз ҳам бузург дар пешанд. Барои иҷрои ин корҳо кӯшишу ғайрати ҳамарӯза ва андешидани тадбирҳои зиёд зарур мебошад.
5. Баъди ба истифода додани агрегати якуми ин кохи нур, ки 16-уми ноябри соли гузашта баргузор гардида буд, вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шуд.
6. Нерӯгоҳи «Роғун» омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.
7. “Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!
8. “Роғун” – мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои наслҳои Ватан
9. Нерӯгоҳи “Роғун” – чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватан аст.
10. Воқеан, нерӯгоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст.
11. Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки нерӯгоҳи «Роғун» – ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем.
12. «Роғун» баъди пурра ба кор даромадани он боргоҳи бузурги нуру гармӣ мешавад, орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд.
13. «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!
14. Халқи бузургвори ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури «Роғун» то абад равшан, қалби хурду бузурги сокинонат то ҷовидон гарм аз меҳри Ватан бошад!
15. «Роғун» – кохи бузурги нур, шарти пешрафти устувори Ватан, рӯзгори обод ва рӯи сурхи ҳар як фарди мамлакат мебошад.
16. Ҳазорон аҳсану офарин ба бунёдкорони «Роғун» – қаҳрамонони арсаи заҳмати созандаву мардона!
17. «Роғун» на танҳо манбаи нуру рўшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад!
18. Касоне, ки саҳмияҳои Роғунро харидорӣ менамоянд ва онҳое, ки бо роҳҳои гуногун дар бунёди нерўгоҳ ҳисса мегузоранд, бовар дошта бошанд, ки дасти имдоди фарзандӣ ба модари худ – Тоҷикистони азизи беҳамто дароз кардаанд.
19. «Роғун» ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрўзу фардои мост!
20. «Роғун» ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!
21. «Роғун» манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод!
22. «Роғун» – ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад!
23. «Роғун» – воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!
24. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» афзалияти махсус медиҳад.
25. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки нерӯгоҳи “Роғун” барои истеҳсоли “нерӯи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад.
26. Сохтмони чунин як иншооти бузургу беназир, яъне нерӯгоҳи «Роғун» ки барои Тоҷикистон тақдирсоз аст, аз лиҳози техникиву муҳандисӣ ва молиявӣ тартибу усули махсусро талаб менамояд.
27. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
28. Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – диловарони ҷабҳаи заҳмат – бунёдкорони “Роғун”- ро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – 28 – солагии истиқлолу озодӣ ва бо комёбии навбатӣ – ба кор даромадани агрегати дуюми ин нерӯгоҳи бузург самимона табрик гуфта, бароятон хонаободӣ ва барори кору пирӯзиҳои бештар орзу менамоям.