Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст

Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва фарҳанги волост. Тоҷикон ҳамеша дар пайи ободиву озодагиянд. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёчманд набошад. Душвориву мониаҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар менамояд.

Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии ватани азизанд. Бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи миллат дурахшон бошад. 

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро сарвари фархунда накӯст,
Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст. 

Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи чабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки беш аз 20 000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба муносибати 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз Маҷмааи давлатии «Истиқлол» тариқи хиёбони Исмоили Сомонӣ то саҳни театри Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ намуданд.

Иштирокдорони роҳпаймоӣ таҳти шиорҳои «Муборак бод пирӯзии нур бар зулмот!», «Муборак бод бунёди Роғун бар миллати нурофари тоҷик!», «Муборак бод пирӯзии Роғун ба Сарвари ҷоннисори давлат!», «Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоҷик!», «Нурборон бод зиндагии халқи некӯманиши мо!», «Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем» ва ғайраҳо бо сурури шодмонӣ изҳори хушнудӣ карданд.
Аксарияти иштирокчиёни роҳпаймоӣ ҷавонон буданд ва изҳор доштанд, ки Истиқлололият нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад. Мардуми шарафманди тоҷик ва қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо — тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад ва ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.

Воқеан ҳам бунёдкориҳои Роғун намунаи ибрат буда, сабақи бемисл ба ҳар шаҳрванд, бахусус ҷавонон медиҳад. Зеро бо дидани ин ҳама созандагию бунёдкорӣ, ин ҳама ҷоннисориву таҳаммулпазирӣ, ин ҳама муҳаббати баланду фидокорӣ шахс ба куллӣ инсони дигар мешавад; агар ноумед бошад, саршори умедҳо мегардад, агар тарсу бошад, далеру қавидил ва агар дилмонда аз дунё бошад, эътимод ва бовар ба худ, ба Ватан, ба дунё пайдо мекунад. Чунки ин рӯҳияи баланди миллӣ, соҳибватанӣ ва фидокориву садоқат, ҷоннисорӣ, ки дар ин ҷо ҳукмрон аст, ҳамагонро фаро мегирад ва бинандаи шоҳкориҳои НБО «Роғун» худро узви ин ҷараёни бузурги фидокориҳо эҳсос мекунад. Пешвои воқеан муаззами миллат, ки саркору раҳнамову раҳкушои ин ҳама бунёдкории азим мебошанд,сохтмонеро роҳандозӣ намуданд, ки дар тасаввур ғунҷонидани он душвор аст ва ин ҳама эътиқоду эътимод, муҳаббат ва бовар ба Ватани соҳибистиқлол, ба даҳчанд афзун мегардад.

Бешубҳа тамоми дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаҳои ҳаётан муҳим – маорифу тандурустӣ бевосита ба фаъолияти созанда ва хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик табли шодӣ мезананад ва ифтихор менамоянд аз Пешвои муаззами миллат. Шоирон васфи Роғун ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шеъру достонҳо эҷод намуда, корномаи беназири мардуми тоҷикро васф менамоянд. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармуда:

Баҳори кишвари нур аст, Роғун,
Нишасту маҳфилу сур аст, Роғун.
Тариқи Кӯҳкан чун пеша кардем,
Тавону қудрату зӯр аст, Роғун.

Абдулмаҷиди Бобоҷониён,
Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *