Баҳори кишвари нур аст, Роғун

Ватан эҳсони бечунат муборак
Сууди Вахшу Ҷайҳунат муборак.
Ҳумоюн бод ин солу маҳи нур,
Шаби милоди Роғунат муборак.

Имрӯз, ки айвони сухан гардун аст,
Мавҷи дили мо ҳамсафари Ҷайҳун аст.
Паймонаи лабрези майи ҳиммати нав,
Нӯшобаи ваҳдати замон Роғун аст.

Баҳори кишвари нур аст, Роғун,
Нишасту маҳфилу сур аст, Роғун.
Тариқи Кӯҳкан чун пеша кардем,
Тавону қудрату зӯр аст, Роғун.

Ватан дар дашти паймон аст, эй дӯст,
Савори асби армон аст, эй дӯст.
Биё, мо ҳам ба Рахши дил нишинем,
Ватандорӣ аз имон аст, эй дӯст.

Нурали Нурзод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *