ИНТИХОБОТИ ОЗОДУ ШАФФОФ КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

     Интихобот яке аз рукнҳои муҳимтарини демократия ба ҳисоб рафта он баҳри ояндаи дурахшони ҳар як давлат заминаи боэътимод мегузорад.

Бо дарки ин маънӣ сокинони мамлакат санаи 1-уми марти соли 2020 бо як эҳсоси хурсандӣ ва табъи болида сарҷамъона дар маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.

Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилию хориҷии ҳар як давлат аҳамияти муҳим дорад, зеро он нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократӣ мебошад.

Дар қатори шаҳрвандони дорои ҳуқуқи дар интихобот иштирокдошта мо низ бо як масъулият ва ҳисси ватандӯстию ифтихор аз ин меҳан ба интихобот иштирок намуда, ба номзад ва ҳизби сиёсии арзанда овози худро додем.

Воқеан ҳам лозим ба таъкид аст, ки интихоботи имсола дар як сатҳи баланд ва болидахотирии мардуми тоҷик гузашт, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳм гузоштан ба фардои дурахшони ватани азизи худ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуданд.

Аз субҳ ҳар як мавзеи ватани азизамон идгоҳро мемонд, зеро ҳама ҷо ободу зебо ва аз ҳама муҳим руҳияи мардум аз ин сулҳу субот ва оромии комил хеле баланд буд. Ҳар як сокини мамлакат бо шукргузорӣ аз неъмати бебаҳо, яъне сулҳу субот ва ормию осудагӣ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуда, вакилони ояндаи худро интихоб намуданд.

Интихоботи баргузоргардида дар асоси меъёру принсипҳои байналмилалӣ озоду шаффоф ва бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқҳои сиёсии худ яке аз аввалинҳо шуда ба участкаи интихобтӣ ҳозир гардида номзадҳои арзандаро интихоб намудам. Зеро ман медонам, ки овози ҳар як шаҳрванд дар интихобот ҳалкунанда аст.

Дар ин интихобот мардум ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсии арзанда овоз дода, онҳоро ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои худ интихоб намуданд.

Аз иштироки шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ аён мегардид, ки дар воқеъ масъулият ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд гардидааст. Зеро аз руҳияву табъи мардум маълум буд, ки вакилони интихобкардаи онҳо барои фардои дурахшони ин ватани азизамон хизмат хоҳанд кард.

Гузашта аз ин ҳамаи номзадҳои вакилони халқ дар маъракаи пешазинтихоботӣ тибқи тартиби муайянгардида бо мардум вохӯрӣ гузарониданд. Дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо, шахсони боэътимоди номзадҳо дар асоси имкониятҳои баробар фаъолона иштирок намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки интихоботи имсола бисёр  дар фазои орому осуда гузашт ва дар он намояндагони наҳзатиёни хиёнаткор қарор надоштанд.

Мо интихобкунандагон бо чашми худ дидем, ки  интихоботи имсола дар асоси принсипи демократия ва озодӣ гузашт. Аммо баъзе аз хоинони миллат чун наҳзатиёни хиёнаткор дар сомонаҳои интернетӣ ба дурӯѓу бӯҳтон пардохта мехоҳанд ба мафкураи мардум таъсир расонанд. Ин гуна афрод намедонанд, ки дигар мардум ба ташкилоту созмонҳои мардумфиреб боварӣ надоранд.

Интихоботи баргузоргардидаро нозирони миллию байналмилалӣ ва намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма назорат ва инъикос намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд доданд.

Ҳамин тариқ, аз интихоботи баргузоргардида ва масъулияти баланди ҳамватанони худ, ки бо дарки баланди шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуданд, хеле хушнуд ҳастам.

Воқеан ҳам номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсии арзанда дар ин интихобот дар асоси принсипи баробарӣ ва қонуният иштирок карда, пирӯзӣ ба даст оварданд.

                                                           ҶАЛОЛОВ Н. М.

ШАРИПОВ Д. С.

устодони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *