БАЁНИЯИ БЕАСОСИ ТӮҲМАТЧИЁН

 

 Гурӯҳи мухолифине, ки бо амалу кирдорҳои душманононаи худ имрӯз дар хориҷи кишвар паногоҳ ҷуста, зидди ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҳаргуна бӯҳтону тӯҳматҳо мебофанд, боз намоиши эътирозӣ баргузор намуда, баёния пешниҳод намудаанд ва аз мақомоти Утриш хоҳиш кардаанд, ки яке аз ҳаммаслакони онҳо Ҳизбулло Шоҳвализодаро ба Тоҷикистон истирдод накунанд.

Пас саволе ба миён меояд, ки агар онҳо ва ҳамфикру ҳаммаслакони онҳо ё худ Ҳизбулло Шоҳвализода агар дар қатори дигар мардуми заҳматкаши тоҷик бо меҳнати ҳалолу корҳои шоиста барои Ватан машғул мешуданд, имрӯз дар хориҷи кишвар дар ба дар мешуданд? Онҳо дар баёнияи худ изҳор кардаанд, ки “дар паси ҳама ҷиноятҳо макомотҳои амниятии Тоҷикистон меистад”. Аммо хуб медонанд, ки агар мақомоти амниятии Тоҷикистон ҷонфидоёна заҳмат кашида, таноби ин гуна душманони халқу Ватанро  намекашид, онҳо дар зери мусиқии хоҷагони ғарбию шарқиамон рақсида, танҳо ба манфиати худ ва хоҷагонашон кор мекарданд ва ватани моро хароб месохтанд.

Имрӯз Тоҷикистон ба як давлати рушдёфтаи дунявӣ табдил ёфта истодааст. Амнияту бехатарии онро мақомоти амниятии кишвар таъмин намуда истодаанд. Имрӯз дигар ба ҳар гуна баёния ва тӯҳмату бӯҳтонҳо халқро ба доми фиреб кашида намешавад. Ба онҳо касе бовар намекунад.

Онҳо дар баёнияти худ боз изҳор кардаанд, ки “вазъи ҳуқуқу қонунгузорӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад…”. Аммо медонанд, ки асосҳои қонуну қонунгузорӣ дар Тоҷикистон такмил ёфта истодааст. Қонунҳое қабул мешаванд, ки дигар ба фаъолияти ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ роҳ намедиҳанд. Қонунҳо ба манфиати халқу миллат хизмат мекунанд. Ин албатта ба онҳои маъқул нест. Имрӯз халқи тоҷик медонад, ки ҳамаи он ҳизбу ҳаракатҳое, ки бо дастгирии хоҷагони  хориҷӣ ба монанди “Гурӯҳи  24”, “ҲНИ” ташкил шуда буданд, барои  беҳбудии халқ ягон кореро ба анҷом нарасонидаанд..

Наҳзатиён, ки Ғарбро танқид мекарданд, дар Ғарб паногоҳ ҷуста риёкорона пӯсти худро иваз кардаанд ва бо номи  болохонадори “Паймони миллӣ” мехоҳану худро ҳамчун дӯсти халқи тоҷик нишон диҳанд. Дар асл онҳо душмани халқу Ватан ҳастанд.

Чӣ хеле, ки ҳамагон медонанд, давлатҳои хориҷӣ шахсеро ба ватан истирдод мекунанд, ки агар гуноҳи он шахс исбот шуда бошад. Ҳизбулло Шоҳвализода агар гуноҳе намедошт, ӯро истирдод карданӣ намешуданд.

 

дотсентон Бобое С.С., Ҷалолов Н.М.

ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *