ҲНИ- ҳизби хиёнатпеша ва тундгаро

Аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз  қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиёташон  васеъ гардид.

ҲНИ созмони тундгароест, ки дар Тоҷикистон ҷонибдорони эътиқодӣ – идеологӣ надорад, лекин бо роҳи маҷбурӣ ва роҳнамоии давлатҳои хориҷӣ мехоҳад низоми давлатдории асримиёнагиро ҷорӣ намояд.

Роҳбарони ҷинояткори Ҳизби Наҳзати Ислом дар намо одамони беҳтарин аммо ботинан одамони бадкину-бадандеш, хунхору-худбинро мемонанд, ки пушти суханҳои зебои «озодӣ ва демократия», пӯшидани либосҳои аврӯпоӣ, нимкора донистани забони англисӣ ва ба сафҳои худ ҷалб кардани баъзе ба ном ҳуқуқшиносону журналистону   сиёсатшиносони ноком ҳадафи стратегии худ – бунёди низоми хунхор, низоме, ки дар он инсон қадр надорад, пинҳон кардаанд. Дар омади гап, нахустин бор ибораи “гург дар либоси гӯсфанд” дар китоби муқаддаси динӣ маҳз дар бораи чунин тоифа одамон ба кор бурда шудааст:

«Аз пайғамбарони дурӯғин эҳтиёт шавед, онҳо ба наздатон зоҳиран дар либоси гӯсфанд  ҳозир мешаванд, вале ботинан гурги даррандае беш нестанд ».

Мутассифона,  баъзе ашхос, қувваҳо ва доираҳои манфиатхоҳ дар хориҷи Тоҷикистон  кӯшиш мекунанд, ки ҷиноятҳои содиркардаи наҳзатро нодида гиранд, ин ташкилоти террористиро ҳамчун «нерӯи сиёсии исломи муътадил» муаррифӣ  намоянд. Албатта,  чунин ашхос ва доираҳо манфиатҳои худро доранд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир пуштибонӣ, мухлисӣ ва сафедкунии ин ташкилоти террористӣ хиёнат ба ормонҳои миллӣ ва арзишҳои демократию умумибашарӣ асту бас.

Нодида гирифтани ҷиноятҳои ҲНИ сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дошта, боиси монеа эҷод кардан ба пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ва такон бахшидан ба ҷаҳонбинии халқи тоҷик мегардад. Имрӯз ҷомеъаи ҷаҳон дарк карда тавонист, ки ҲНИ ҳизби ҷиноятпеша буда таҳти ниқоби ислом мехоҳад ҳамаро гумроҳ созад. Мо имрӯз ва то дами охирин бо ин ҳизби ҷиноятпешаи хунхор мубориза барем ва намехоҳем, ки давлати озоду осоиштаи моро ноором созад.

 

                                                          Ассистент Раҳимов Салоҳиддин.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *