Семинар-машварати омӯзишӣ

Санаи 24-уми декабри соли равон дар Донишкада тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ дар байни устодону кормандон семинар-машварати омӯзишӣ оид ба мазмуну моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021с. бо иштироки Назриён В.Қ. – нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гурдид. Семинар машваратро директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. оғоз бахшида, аз муҳимияти барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ёдовар шуд. Сипас, Назриён В.Қ. – нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд мазмуну моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои онро барои марҳилаи якум шарҳу тавзеҳ дод.
Баъдан, д.и.ф., профессори кафедраи ҷомеашиносӣ Солиҷонов Р. аз нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021с. ёдовар шуд.

IMG_2373
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *