ҶАВОНОН – НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ
ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021, шаҳри Душанбе)

Дар Паёми навбати хеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 бори дигар қайд карданд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд”. Мо ҷавонон аз вобаста ба ҷабҳаҳои матраҳгардида, бахусус марбут ба ҷавонон, ки дар Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, мавриди омӯзишу хулосабарорӣ қарор дода, зикр кардан ҷоиз аст. Воқеан давлат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.
Бояд қайд кард,ки ҷавонон давомдиҳандаи суннатҳои олии таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик буда, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Зеро, дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар мавқеъ ва саҳми ҷавонон хеле муҳим аст, махсусан онҳо дорои афкори тозаю нав ва қувваи пешбаранда дар ҷомеа ҳастанд. Иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли ҷавон аз тарафи Ҳукумат таъмин гардидааст.
Аз баромади Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иктибос оварда, қайд меанамоем, ки ҷавонони кишвар дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, бар зидди ҳама гуна хавфу хатарҳое, барои давлату миллат мебошанд, мубориза бурда, ҳифзи манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар воло медонанд.
Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз зиёда аз 70 фоизи аҳолии Чумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони то 35 – соларо ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин сабаб Тоҷикистони соҳибистиқлол мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин қайд менамоем, ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 135 нафар кормандону устодони ҷавон, аз ҷумла 42 нафар ҷавонон, 93 нафар бонувон: 4 нафар – номзади илм, 12 нафар – муаллими калон, 68 нафар – ассисент, 1 нафар – ёвари директор, 7 нафар – мудири шуъбаву марказҳо, 7 нафар – мутахассисони сохторҳо, 2 нафар – ҷонишини декан оид ба тарбия, 3 нафар – китобдор, 12 нафар – котиба, 19 нафар – кормандони шуъба ва сохторҳои гуногун, ки аз ин 69% бонувонро ташкил медиҳад, кору фаъолият мебаранд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо насли даврони соҳибистиқлол-ҷавононии нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодаанд. Бояд қайд кард, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонони боистеъдод аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани завқу шавқи наврасону ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», таъсис дода шудаанд, ки зеро насли соҳибмаърифату донишманд муайянкунанда ва ташаккулдиҳандаи маърифати миллат мебошад.
Мақсад аз баргузории озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ин амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» аст, ки тадбир барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Озмуни мазкур дар самтҳои математика, физика ва астраномия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир мегардад.
Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки аз боргоҳи илму маърифати мо донишҷӯён Ӯрунов Фирӯз дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср ва Алиев Азизҷон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи технологияи итилоотӣ бо дипломи дараҷаи 3 ва ба ҳаҷми 500 сомонӣ маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шудаанд.
Баробари ин бояд қайд кард, дар қишвари соҳибистиқлоламон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши басо муҳим дорад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки омӯзгорони ҷавони донишкада дар ин озмун фаъолона ширкат варзиданд. Чунончи Ҷӯраева Нодирахон Зарифовна, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, дар жанри эстрадии номиннатсияи сарояндагӣ барои иштироки фаъолона сазовори диплом гардид.
Бояд қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ин барои тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Хулоса, бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паёми навбатиашон бармеояд, ҷавонони кишвар минбаъд низ дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона ширкат намуда, дар муаррифии давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият саҳми беандозаи хуро гузошта, барои рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш кӯшиш менамоянд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *