ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБРО ДАР ҶОМЕА МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Санаи 29-уми сентябри соли 2022 дар бинои чоруми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТбо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва устодону донишҷӯёни донишкада мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбачаи терроризми шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Мизробзода Ҳаким ва майори милитсия Ғаффорзода Шукурҷон иштрок ва суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳу ҳаракатҳои ифротӣ, террористиву экстремистӣ ва оқибатҳои ногувори муомилаву истеъмоли воситаҳои нашъадор андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳамаи ин омилҳо зуҳуроти номатлуб ва доғи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба афкору андешаи миллӣ ва саломатии омма хатари маргбор дорад. Ҷавонони моро зарур аст, ки бо тамоми нерӯи зеҳнӣ ва донишу малакаи худ ба ин омилҳо муқобилият намуда, бетарафӣ зоҳир нанамоянд. Пайваста ҳушёру зирак ва мусолиҳакор буда, дӯстону рафиқон ва наздикони худро аз оқибатҳои ин гуна зуҳурот огоҳ намоянд ва нагузоранд, ки андешаҳои тундгароиву ифротгароӣ ба афкору андешаи онҳо роҳ ёбад.

Муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонони муасиса номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аҳророва Г.У. баромад карда, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар донишкада вобаста ба самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ ва адабӣ ибрози назар намуд.

Сипас, донишҷӯён ва устодон ба намояндагони мақомоти давлатӣ суолҳо пешниҳод намуда посухҳои мушаххас шуниданд.

Ҳамин тариқ, мулоқот дар фозои озод ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *