КӮШИШИ ДАСИСАБОЗИҲОИ НАВБАТИИ М.КАБИРӢ ДАР САҲА

Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол нисбати собиқ роҳбари ҲНИ Мухиддин Кабирӣ, ки алҳол номи ҳизбашро ба “Паймони миллӣ” (ПМ) иваз намуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, имрузҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротиаш баромадҳо менамояд, назарсанҷӣ карда, борҳо бадхоҳи миллат- М.Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонавшро шадидан маҳкум намуда будем.

Мо, имруз низ нисбати лофзаниҳои М.Кабирӣ, ки ин навбат кӯшиш дорад, дар ҷаласаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баромад намояд, андешаронӣ менамоем. Бояд ёдоавар шуд, ки Кабирӣ соли равон дар яке аз баромадҳояш дар  «Анҷумани озодандешон…”калимаи тоҷикро ҳамроҳ карда зарур намешуморем,  гуфтааст рӯзи 5-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаҳои ҳуқуқи башари САҲА оид ба  қазияи Бадахшон, ҳабсу фирори рӯзноманигор баромад  мекунад. Ишораи аввали Муҳиддин Кабирӣ ба ҳодисаҳои май дар ВМКБ аст.

Таъкидан қайд менамоем, ки Кабирӣ берун аз кишвар аз ҳақиқати ҳол бехабар, оид ба масоили қазияи Бадаххшон беасос лофзанӣ менамояд. Ҳол он, ки мардуми осоиштаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, аз шаҳри Хоруғ, ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳамагуна созмони ифротӣ мебошанд. Умуман, мардуми Тоҷикистон, аз он ҷумла сокинони Бадахшон оромию тинҷии ҷумҳурии азизамонро мехоҳанд ва онҳо намегузоранд, ки баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор вазъи кишварамонро ноором созанд.

Бояд дуруст кайд кард, ки ин нишасти САҲА сахнабозие беш нест. Ҳамаи мо алакай медонем,ки ҳама ходисаҳо, ҳама фиребу найранги ҳамон хоинони миллат, ки як ҳаракате ба номи  ТТЭ ҲНИ -“Паймони миллӣ” фақат дар фикри манфиатхои шахсии худ ҳастанду ба амалу дастурҳои хоҷагони худ маблағҳои ҳаромро ба кадом як имтиёзҳзои ба даст овардаашон зиндагиашонро пеш мебаранд. Танҳо дар ҷаласаҳои ҳарсолаи САХА хамчун лухтак рол мебозад. Таъсиру манфиатхои ин нишаст ҳамин аст.

Ёдовар шудан зарур аст, ки аъзоёни ҲНИ таҳти роҳбарии Мухиддин Кабирӣ, ки мутобиқи фаъолиятҳои террористиву экстремистиаш ба ҳизби наҳзаташ аз соли 2015 дар Тоҷикистон ва аз санаи 14 сентябри соли равон, аз ҷониби Федератсия Россия мамнуъ эълон гардидааст.

Хулоса, аз баромадҳо ва кӯшиши  навбатии  Кабирӣ ҳар бинандаву шунаванда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин бадхоҳи миллат бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафсатагӯе табдил гаштааст ва ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагӯӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад.

Дар интиҳои андешаи хеш мо ин навбат низ Кабирӣ ва умуман,  ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ-ПМ-ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои фитнаангезашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва САҲА бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари мо сухан гӯянд.

Ф.ҚУРБОНОВ,

мудири шуъбаи кор бо

ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *