Санаи 29-уми сентябри соли 2022 дар толори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мулоқоти намояндаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далери Соҳибназар бо устодону донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.
Мулоқотро директори донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ифтитоҳ намуда, оид ба иғвоангезию ҷинояткориҳои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, дасисабозию сиёсатбозиҳои гуруҳҳои тундраву экстремистӣ, ки имрӯзҳо дар хориҷ аз кишвар бо дастгириву маблағгузории хоҷагони худ беасос нисбат ба давлату миллати тоҷикон туҳмату буҳтон ва ҳарзагӯӣ менамоянд, маърӯза кард. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бар муқобили ҳар гуна зуҳуроти террористию экстремистӣ ва ҳар гуна тарғибу даъвоҳои беасоси онҳо изҳороту вокуниш, донишу малака ва мавқею назари созандаи худро истифода намуда, созандагиву бунёдкорӣ ва илмомӯзию такмили дониши хешро тақвият бахшанд. Пайрави сиёсати созанда ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданро мояи ифтихор ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.
Сипас, намоянда аз Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далери Соҳибназар суханронӣ карда, оид ба амалҳои нопок, мақсаду мароми тахрибкоронаву иғвогароёнаи аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ба руйхати ташкилотҳои экстремистиву террористии фаъолияташ дар ин кишвар мамнӯъ ворид гардидааст, ибрози андеша намуд. Таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд зимни истифодаи интернет, алалхусус шабакаҳои иҷтимоиву мессенҷерҳо бояд мулоҳизакору назарсанҷ ва эҳтиёткор бошанд. Ба ҳар гуна саволу ҷавоб ва даъвою даъватҳои шубҳаангез майл накунанд. Пайваста аз паси омӯзиши илмҳои муосир ва такмили дониши худ гардида, ба давлату миллат манфиатбор бошанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби устодону донишҷӯён низ суханрониҳо баён гардида, ҷавонон мавқеи худро аз ҷонибдории сиёсати давлатии ҷавонон изҳор намуда, ҳамсолони худро ба созандагиву бунёдкорӣ, пайравӣ аз сиёсати падаронаи Пешвои муаззами миллат ва омӯзиши илмҳои муосир даъват намуданд.
Мулоқот дар фазои озоду ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, бо натиҷабардории иштирокчиёни он аз маърузаҳои баёнгардида ҳусни анҷом пазируфт.