ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ЗАМОНИ МУОСИР

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам ба назар мерасад. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.
Дар робита ба ин масоил Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон, аз ҷумла дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 26.01.2021 иброз дошта буданд: Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Баробари ин таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Воқенан ҳамаи воқеияту рӯйдодҳои имрӯза ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнията давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Дар ҳақиқат терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст. Чунончи роҳабри ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, бахусус ҳаммаслаконаш Муҳаммадиқболи Садриддин, Ашӯров Ҳусейн ва ҳамақидаи наҳзатиён узви ҳаракати ифротии Гурӯҳи-24 Беҳрӯз Тағойзодаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳояшонро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин хоинони миллат дар барномаҳои ифротии “Паймони миллӣ”,“Пайванд” “Ҳақ ва ботил,” “Минбари муҳоҷир” ва “Садоми мардум” баромад намуда, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Ин ҳолат бори дигар исбот менамояд, ки терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки хабари воқеаҳои рӯзҳои охир дар Афғонистон сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва оқибат онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд. Танҳо дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Афғонистон 5 адад амалҳои террористӣ ва 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён содир шудааст.
Бояд қайд кард, ки имрӯз душманони миллат – роҳбарият ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ зимни баромадҳои ифротиашон бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт авзои имрӯзаи Афғонистонро ғайривоқеӣ маънидод карда, дар ҷомеаи имрӯза таҳлука барангезонидан кӯшиш доранд. Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз ДИИШ capкарда, то Ал-Қоида ва дигар ҳизбу равияҳо бешштар равған мерезанд.
Бинобар ин, авзои кунунии минтақа, бахусус Афғонистон роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва дигар таҳдидҳоро тақозо дорад. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшоният тарзи ҳаёти солимро тарғибу бештар ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Онҳо бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд!
Мо ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинони миллат дода нашавем, тамоми кӯншшро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем.

Х.УМУРОВ,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *