АНҶУМАНИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Баъди 29 соли баргузории анҷумани саодати миллат – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муҳимияти он боз бештар эҳсос мегардад. Аз таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ёдовар шуда қайд менамоем, ки он 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев баргузор гардида, тантанаи ваҳдату якдили баланд садо дод ва дар таърихи навини миллат, созандагиро дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ эҷод намудааст. Вакилон дар ин анҷумани саодати миллат Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҷавони кордон, болаёқату боистеъдодро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона интихоб намуданд.
Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сардафтари таърихи навини миллати тоҷик ба монанди бузургону пешгузаштагони худ дар рӯзи нахустини ба арсаи роҳбарӣ омадан бо хитобаи «Ман ба Шумо сулҳ меорам» муроҷиат намуда буданд. Ин хитобае буд, ки барои миллати ҷангзадаи тоҷик Пешвоеро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тавлид намуд, ки корнамоиҳо, кору пайкор ва андешаҳои волои инсонпарваронаи вирди забони аҳли башар гардидааст.
Ба суханони Пешвои муаззами миллат аз мавқеи имрӯз ва раванди воқеъаву рӯйдодҳои зиндагӣ назар афканем, бо ифтихор қайд менамоем, ки суханронӣ ва фаъолияти амалии Президенти кишвар дар ин Иҷлосия ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро ба ин Сарвари дурбин бештар намудааст.
Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш вакилони мардумиро муттаҳид намуда, барои қабул намудани қонуну қарорҳои лозимӣ дурандешӣ ва хирадмандиро пешаи худ намуданд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 74-санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15- қонун, 52- қарор, 6-фармон ва як изҳоротро ба тавсиб расонид, ки ба таҳкими ғояҳои давлатдорӣ, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонро ба вуҷуд оварда, ба даст овардани ризоияти миллӣ ва ба ҳам омадани қувваҳои солими ҷомеа мусоидат намуданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои даргир ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карданд», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26-ноябри соли 1992», «Дар бораи кодекси гумрук», «Дар бораи тарифи гумрук» ва ғайра қабул гардиданд. Баробари ин дар Иҷлосия дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ – санадҳои байналмилалӣ низ қабул шуданд, ки барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти таърихӣ доштанд. Аз ҷумла, қарор дар бораи ҳамроҳ шудан ба Конвенсияи авиатсияи байналмилалии гражданӣ, ки соли 1944 дар Чикаго-и ИМА имзо шуда буд, муҳокима ва қабул гардид. Санаи 25 ноябри соли 1992 Иҷлосия шартномаи амнияти коллективии давлатҳои Иттиҳодияи давлатҳои мустақил (ИДМ)-ро, ки моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расида буд, ба тавсиб расонид ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои коллективона”-ро қабул намуд. Дар робита ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ на танҳо барои кишварамон, балки дар миқёси байналмилалӣ, алалхусус барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ, иктисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз манотиқи қобили таваҷҷӯҳ дар бархурди манфиатҳои трансмиллист, бо зуҳури нооромии сиёсӣ, дар кадом кишвари ин минтақа набошад, боиси сар бар задани таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ гардиданаш аз эҳтимол дур набуд. Ҳамзамон таҳкими аркони давлатдории навини марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки бо баргузории Иҷлосия ба зуҳур пайваст ба пешгирии ҷанг, терроризм ва экстремизм дар қаламрви Осиёи Марказӣ мусоидат намуд.
Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи сиёсати байналмилал ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги созанда ҳанӯз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардида, бо муҳаббату самимияти том дар тӯли солиён то имрӯз нияти иҷро доранд. Бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тӯлонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, яқинан дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида тавонистанд.
Аз Иҷлосияи Шӯрои Олӣ шурӯъ карда, то имрӯз сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ–расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳойӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноаткунонии босуръати кишвар ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд ва боварии комил дорем, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.
Ба азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди Пешвои маҳбуби мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.
Бо сарбаландӣ қайд менамоем, ки имсол мо ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем, ки дар саргаҳи он Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва кишвари азизамон рӯз аз рӯз рушди тоза меёбад. Воқеан пирӯзии истиқлоли мо дар талошҳои доимии мо, ки баҳри такмилу густариши давлатдории тоҷик аст, дар истиқлол, ҳуввияти миллӣ, дар худшиносӣ баҳри худсозӣ тавзеҳ ва такмил меёбад. Давлатдории имрӯзи мо падидаи нодире дар саҳнаи таърихи ҷомеаи башарият аст, ки ба гузаштаи мо зару зевар медиҳад.

Ф.МАМАДҶОНОВ
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *