ЗУҲУРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲОЛАТИ МУВОЗИНАТИ ҶОМЕАРО АЗ БАЙН МЕБАРАД!

     Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад. Зуҳури терроризм ва экстремизм ҳолати мувозинати ҷомеаро аз байн мебарад. Бо ибораи дигар ин, падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи муосир хатар пайдо мекунад. Ифротгароӣ ва терроризм, бахусус ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои муғризонаашон сафарбар менамоянд. Аз ин ҷост, ки солҳои охир сафи низомиёну ҷангиёни гуруҳҳои террорист аз ҳисоби ҷавонон низ ба назар мерасад. Дар ин таъмоюл, нақши воситаҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, замимаю паёмакҳо хело муҳим ба ҳисоб меравад. Рушди воситиаҳои коммуникатсионӣ махусусан воситаҳои хизматрасонии электронӣ дар баробари ҷиҳатҳои зиёди мусбии худ, мутаассифона, кори гуруҳҳои тундравро осон карда, баҳри паҳн кардани ақидаҳои терроистию экстремистӣ онҳо ҳамчун аслиҳаи асосӣ гаштааст. Тамоми сомона ва ё шабакаҳои интернетӣ агар барои гирифтани маълумот ба ҷомеаи солим фоида оранд, аз тарафи дигар бо роҳҳои гуногун шаҳрвандон, бештар ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро ба доми зархаридони хориҷӣ меафтанд, ки холати равонии онҳоро дигаргун карда, то ба аз ҳаёт маҳрум кардан оварда мерасонад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки новобаста баъди сукути ««Давлати исломии Ироқу Шом» » (ДИИШ, ДОИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта нисбатан коҳиш ёфта бошад ҳам, солҳои охир, муттаассифона, ба назар мерасад. Чунончи, тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Туркия, санаи 28 январи соли 2024 ду нафари ниқобпӯш ҳангоми намози пешин дар калисои итолиёвии католикӣ бо номи Марияи Муқаддас, воқеъ дар маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул ворид шуда, аз болои намозгузорон тир кушоданд. Аз миёни ибодаткунандагони колисои мазкур беш аз 50 нафар буданд, чанд тан тир хӯрда, як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи маълумоти мақомоти зикршуда ду гумонбаршавандаи асосӣ дастгир карда шуданд, ки яке зодаи кишварамон дигаре шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад. Ҳарду ҳамлаовар узви ДИИШ мебошанд, ки баъдан ин созмони террористии мазкур масъулияти ҳамларо ба дӯши худ гирифт. Ҳамчунин, тибқи хабаргузории “ANSA” пулиси Итолиё дар шаҳри Рум 8-уми апрели соли 2024 як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро ба гумони терроризм ва узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ боздошт кардааст. Боздоштшуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ҷурми ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия, дар соли 2014 таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст. Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки солҳои охир дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5000 ҳазор донишҷӯёни тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
Хулоса, ҷавонон бояд донанд, ки кадом созмону ҳаракате, ки набошад дар кадом гӯшаву каноре, ки набошад агар аз калимаи ислом дар номгузориву барномааш истифода кунад, донистан зурур аст ва ҳаргиз фаромӯш кардан лозим нест, ки ин як дурӯғи маҳз аст. Зеро, дини мубини ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ва барномаи мукаммал ниёз надорад. Агар гурӯҳе бо чунин номҳои сохта барои манфиат ва ҳифзи ислом даъво мекунад, баръало маълум аст, ки ин фиребу дуруғ ва бозии сиёсӣ мебошад
Дар фарҷоми андешаи хеш, таъкидан қайд менамоем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонони бонангу номус такя менамоянд. Бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо, ҷавонон баҳри ободии диёр саҳми арзандаи хешро гузошта, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу субот ва оромии кишвар нақши худро гузоранд.

М.МАМАДҶОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *