
Дар замони мо афрод ва ҳизбу ҳаракатҳо арзи вуҷуд доранд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Мо инро дар мисоли фаъолияти тахрибкоронаи яке аз пайрави паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” М.Садриддинро мебинем, ки бо ҷалби шогирдону думравонаш тавассути сомонаи ифртӣ – “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” ровигиро ба ӯҳда дораду боз чун солҳои қаблӣ, аз оғози соли 2025 то имруз баромадҳои ифротӣ менамояд М.Садриддин зимни баромадҳояш нисбати кишварамон тухми ноиттифоқӣ андохта, туҳмату ғайбат ва иғвогариро пеша менамояд. Бояд қайд кард, ки баромадҳои қаблию имрузаи М. Садриддин ва шогирдону думравонаш танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Ин афроди ҳасадхӯри иғвогар, номи неки дини исломро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои онро пиёда месозад. Мақсаду ҳадафи ин ҳасудхӯри иғвогар аён аст! Барои иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш, дар якҷоягии устодаш Муҳиддин Кабирӣ ба ҳар роҳ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони гумроњ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиќоди динии ростгароро дарс омӯхта тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд ва барои ноором сохтани вазъият дар кишвари соҳибистиқлоламон тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш доранд. Аз рафтору гуфтор ва чашмони онҳо ҳар кас бе душворӣ пай мебарад, ки ин гурхаки иғвогар аз дастовардҳои беназири кишвар ба таҳлука афтода, ҳасад мехӯранд. Масалан яке аз шогирдаш Адухалил Восиеви ҳасадхӯри иғвогар мебошад,ки мисли устодаш М.Садриддин ғайбату туҳмат ва иғвогариро пеша намуда, ҳасад мехураду менолад.
Хулоса, хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.Мо љавонони даврони соҳибистиқлол дар љомеаи муттамадини имрўзаро дарк намудааем, ки мо ояндаи миллат њастем ва бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ диҳем, то ин, ки Ватани хешро аз дассисаҳои душманони миллат эмин нигоҳ дорем.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ
