ЗОҲИРФИРЕБИИ КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Имрӯз бештари собиқ аъзоёни  Ҳизби наҳзати ислом, аз ҷумла роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ бо тарафдоронаш дар хориҷи кишвар номи ҳизбашонро  “Паймони миллӣ “номгузорӣ карда, бо ҳар роҳу восита меҳоҳанд мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд. Асосан наҳзатиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо суханҳои дурӯғу беасосашон тухми кинаву адоватро дар байни мардуми Тоҷикистон кошта, ният доранд соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар ҷудо кунанд. Бинобар ин ҳар як фарди боору номус, умуман чомеаи чаҳонӣ бояд бидонад ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати точик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигарихои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивазикурбонихои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги  иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Точикистон  нерӯҳои ифротгароии  динӣ мавқеи рохбарии  худро дошта бошанд. Имрӯз ин гуна ҳолат дар кишвари ҳамсоя-Афғонистон ба назар мерасад, ки дар минтақаҳои шимолии он, бо кишвари мо ҳамсарҳад, авзои он рӯз ба рӯз мураккаб гардида, хурӯҷи гурӯҳҳои террористон ва экстремистон ба назар мерасад. Ин ҳолатро роҳбари ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ Кабирӣ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иттилоотӣ бо таври худ маънидод намуда, чун солҳои 90-уми асри гузашта мардумро боз гумроҳ кардан кӯшиш намуда истодааст.Хотиррасон бояд кард, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд. Воқеан имрӯз шуури тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар самти нигоҳ доштани арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ба куллӣ тағйир пазируфтааст ва касе қодир нест, ки ба мисли Кабирӣ ва пайравонаш ақидаи сиёсиии моро дигар кунанд. Новобаста аз ин бояд қайд кард, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеаи имрӯза, бахусус ҷавонон ҳушёриву зиракиии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафту ободии сарзамини хеш камари ҳиммат бубанданд. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки  хиёнаткори милат Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо  зоҳирфиребии худ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон  сухан гӯяд.

 

                              АҲМАДҶОНОВА Р.С.,

сармуаллими кафедраи молия вақарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *