НАҲЗАТИЁН ДОРАНД НАЙРАНГИ ДИГАР…

Аз таҳлилу таҳқиқи маводҳои илмӣ, барномаҳои ВАО  имрӯз   хулоса баровардан мумкин аст, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин ва ҳатто дар Аврупо ҷараёнҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол низ хатар эҷод намуданаш ба назар мерасад.Чунончӣ,  роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони худ қарор дошта, бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд. Дар баробаре, ки номбурда чун саги моргазида дум ликконда мегашт, имрӯз боз як фитнагари дигар Муҳаммадиқболи Садриддин бо асли ислом бегона, барои татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ сӯистифода бурда,  мехоҳад фазои осудаи моро ноором созанд. Умуман  наҳзатиҳо даъвои “пуштибонӣ аз ислом”, бунёди “хилофати исломӣ” ва “ислоҳи ислом ва мусулмонон”-ро баҳона пеш оварда, аслан барои амалӣ сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва фармонравоҳои хориҷиашон талош менамоянд. Як чиро бояд иброз намуд, ки рафтору кирдори наҳзатиҳо хилофи таълимоти дини мубини Ислом буда, дар натиҷа омили бадномкунандаи муқаддасоти Ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки наҳзатизо арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва  барои  маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд. Имрӯз бадхоҳони миллат ободии кишварро намехоҳанд аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истода, бо ин васила барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба ҳама гуна амалҳои зишту ғайриинсонӣ, аз қабили фалаҷ сохтани иқтисодиёти кишвар, хиёнат ба Ватану миллат чун солҳои 90-уми асри гузашта даст задаанд имрӯз низ кӯшиш доранд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордили ҷомеаи имрӯза, бахусус ҷавонон ҳушёриву зиракиии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафту ободии сарзамини хеш камари ҳиммат бубанданд. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат Кабирӣ ва Муҳамадиқболи бешараф ва умуман наҳзатиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баромадҳояшон худ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯяд.

Хулоса, мо найрангҳои дигари наҳзатиҳоро медонем! Дар робита ба ин дар интиҳои андешаи хеш аз забони шоир гуфтанием:

Ин фитнагарон боз ба найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

ҶАЛОЛОВА Ф.А.,

дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *