Мо, кормандони шуъба бо мутоила намудани рӯзномаю маҷаллаҳо ва дигар расонаҳои хабарӣ вобаста ба масоили мубрами рӯз, андешаҳои хешро иброз намуда, қайд мекунем, ки мутаассифона, имрӯз баробари паҳншавии бемории сирояти короновирус “COVID-19″ инсоният мушкилоти зиёд, аз қабили тағйирёбии иқлим ва бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст.Инчунин вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд.
Дар робитат ба ин мисол овардан бамаврид аст, ки яке аз бадхоҳони миллат Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки ӯ бо ҳаммаслаконаш номи ҲНИ-ро ба Паймони миллӣ иваз намуда, имрӯзҳо бо тактикаву стратегияҳои нави ба ҳамагон маълум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, худро “ҳомии миллат” нишон дода истода бо ин роҳ барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат кӯшиш дорад.
Мо хуб огоҳу шоҳид ҳастем, дар аксарияти суханрониашон хоинони миллат, аз қабили М. Садриддин, Ш. Гадоев ва “Гуруҳи -24” ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори роҳбари давлат ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро паст мезананд. Ҳадафашон асосан миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвари соҳибистиқлоли мо халал ворид сохтан аст. Бинобар ин дар назди мо аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 30-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.