ЗИРАКИВУ ҲУШЁРИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ !

Солҳои охир аз ҷониби хоинони миллат, аз ҷумла Беҳрўзи Тағойзадаи ҳасадхўр тариқи “Фейсбук” ва “Ютуб” аниқтараш дар барномаи ифротии “ҳаракати сиёсии Гуруҳи-24: Садои мардум” баромадҳои пасту баланди бардурӯғу иғвогарона нисбати кишвари мо ба назар мерасад, ки ин ҳолат моро бетраф гузошта наметавонад. Қайд кардан зарур аст, ки новобаста аз хуруҷи бемории сироятии короновирус “COVID-19” имрӯз ҷомеаи моро дучори хатару таҳдидҳои амният, аз ҷониби созмонҳои ғайриқонунии ТТЭ ҲНИ, Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ҳизб-ут-таҳрир “Ихвон-ул-муслимин”, Ал-қоида ва амсоли ин дигар равияҳои ифротӣ ба назар мерасад. Дар оқибат ҷавонони сустиродаву ноогоҳу ба доми гурўҳҳои манфиатҷў афтода, ба миллату Ватани худ хиёнат намуда, обрў ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуки кишвар 143 нафар шаҳрвандон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз ҷумла ТТЭ ҲНИ -Паймони миллӣ 10 нафар , “Гурӯҳи 24” 13 нафар, “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, ДИИШ – 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, , “Ансоруллоҳ” 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” 6 нафар, “Ал-қоида” 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафар ба ҷавобарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Бинобар ин ҳамаи мо бояд аз дирўза дида имрўз зираку ҳушёр бошем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Баробари ин вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон ҳар фарди худшиносу ватандўст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.

АХМЕДОВ М.,
сармуаллими кафедраи математекаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *