Изҳороти шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълими МДТ ДИС ДДТТ нисбат ба кирдорҳои иғвогаронаи Б.Тағойзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 14.08.2021)

 Мо кормандони шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълими донишкада огаҳ ҳастем, ки имрўзҳо хиёнаткорони фирорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо кирдорҳои иғвогаронаашон бар зидди сиёсати имрўзаи кишвари соҳибистиқлоли мо мардумро гумроҳ кардан кўшиш намуда истодаанд. Масалан, аз ҷониби яке аз пайравони “Гурўҳи -24” Беҳрўз Тағойзода, санаи 14 августи соли равон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротии “Садои мардум” баромад намуда, нисбати фаъолияти имрўзаи роҳбарияти олии кишвар суханҳои беасоси сафсаташро идома дода, чун барномаҳои қаблиаш дастовардҳои кишвари азизамонро нодида мегирад. Воқеан мақсаду мароми ин блогери интернетӣ – Б.Тағойзода мисли ҳадафу мақсади наҳзатиён байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвари соҳибистиқлоли мо халал ворид сохтан аст, То ҳол пайаврони “Гуруҳи -24” ва ТТЭ ҲНИ дар қаламрави кишварамон даст ба ҷиноят задаанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 13 нафар аз “Гуруҳи 24” ва 10 нафар аъзоёи ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ ҷиноят содир намудаанд..

 Ба Беҳрўзи Тағойзодаи хоини ҳасадхўр таъкидан гуфтанием, ки ба дастовардҳои беназири даврони соҳиистиқоли кишвар қоил шавад ва оид ба содир намудани ҷинояти ҳаммаслаконаш хулосабарорӣ намояд. Ҳоло ҳам дер нашудааст! Хотиррасон мекунем, ки аз соли 2015 то инҷониб ба кишвар 647 нафар аъзоёни ташкилотҳои терроритию экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона дар дигар кишварҳо ба зодгоҳ, ба ҳаёти хушу осуда баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, миёни онҳо 8 оила дар ҳайати 27 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, Бохтар, Ҳисор ноҳияи Рӯдакиву Рашт мебошанд, ихиёран ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар интиҳои изҳороти хеш кирдорҳои иғвагаронаи Б.Тагойзодаро шадидан маҳкум намуда, баробари ин қайд менамоем, ки имрўз ҷавонони бору номуси кишвар ба маслиҳатҳои Беҳрўзу Кабирӣ эҳтиёҷ надоранд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *