ХОИНИ ВАТАН МАЛЪУН АСТ!

Имрӯз роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар Аврупо истиқомат доранду аз бефарҳангӣ баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзуи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастанд, ба рехтани ашки ҳасрати мардуми бегуноҳи кишвар сабаб гаштааанд тарс аз дуои бади онҳо надорад. М. Кабирӣ пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Ҳар як мусалмон хуб медонад, ки дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Таъкидан ба собиқ аъзоёни ҲНИ хотиррасон намуда, гуфтанием, ки он чӣ гузашт, агарчи гузаштаи начандон дури таърих буд, аммо дарси ибрат барои мо тоҷикон бояд бошад. Ҷои ҳама изҳороти беҳуда ва ношукрӣ бояд шукри ободии Тоҷикистони азиз ва осудагии рӯзгори мардумро бояд кард. Набояд фаромўш кард, ки имрўз фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем, ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибситиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси шаҳрвандии мост.

ШАРИПОВ Д.С.,
ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *