Изҳороти ҷомеаи меҳнатӣ ва ҳайати профессорону устодони факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии
Донишкадаи иrтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд
оид ба фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тожикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 22.12.2017сол rайд гардидааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».
Дастовардҳо, музаффариятҳое, ки дар тўли 26 сол Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад. Дар сатҳи хеле баланд ва бо шукӯҳи шаҳомати бепоён таҷлил гардидани 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихобкардаи худ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки оромии кишвар, сулҳу суботи мардумро халалдор созанд ва мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш насозед, ки Тоҷикистони соҳибистиrлол имрўз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз ҳар гуна rувваҳои бад ҳифз карда метавонанд.
Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.
Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо ҳамоишҳое, ки бо иштироки ҲНИТ изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, гузоришҳои бархе аз рӯзноманигорон, ки воқеиятро нодуруст таҳрир мекунанд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншинос ва жавонони кишварро ором гузошта наметавонад.
Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро фаъолияти ғаразнок, зишт, амалҳои ғояҳои ғайриинсонӣ, террористиву ифротгароии худро зери ниқоби дини мубини ислом рӯйпӯш намуда, бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ба ҳадафҳои нопоки худ – бо роҳи табаддулот, зӯроварӣ, бо истифодаи яроқ ва куштору хунрезӣ ғасби давлати қонунӣ расиданӣ буданд. Аммо Ислом динест, ки ҷавҳари онро ахлоқу маданияти покиза ташкил медиҳад ва олуда намудани он ба сиёсату сиёсатбозӣ дар шароити кунунӣ аслан rобили rабул нест.
Аҳли ҳайати профессорону устодони факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иrтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хужанд пайваста бар зидди падидаҳои номатлуб аз rабили радикализм, зуҳуроти он дар шакли экстремизм ва методи амалисозии он, яъне терроризм, амалҳои ғайриқонунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони онро дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ беасос ва бедалел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тожикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои гул-гулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Аҳли ҳайати профессорону устодони
факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтери
Донишкадаи иrтисод ва савдои ДДТТ