ТЕРОРИЗМ, ЭКСТРИМИЗМ ВА ЧАХОНИ МУОСИР

Бобоев Ф.М. – асситенти
кафедраи молия ва қарзи
ДИС ДДТТ

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 чунин таъкид шудааст: «Солҳои охир терроризм ва экстриемизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Якум, ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ;
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ олами моро тағйир медиҳад. Ин таѓиротҳо ба дин, фарҳанг, сатҳи иҷтимоӣ ва иќтисодӣ тасири чуќур мерасонад;
Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.
Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шўравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурўҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.
Пас аз суқути ИҶШС ва пош хўрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.
Дар аксари мавридҳо онҳо мекўшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сўҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷўю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷў муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зўрӣ бор кардан мехоҳанд.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омўзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт.
Барои мубориза бо ҷараёнҳои экстремизм ва терроризм чунин пешниҳодҳоро муфид мешуморем:

  1. Корҳои тарѓиботию ташвиќотӣ оид ба роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм ва оќибатҳои нангини он доими ба роҳ монда шавад;
  2. Сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон оид ба ѓояҳои пешбарандаи ҷомеъа доимӣ мавриди амал бошанд;

Вобаста ба омилҳо ва шароитҳои мусоидаткунандаи ба падидаҳои номатлуб аз ҷумла экстремизм ва терроризм муборизаи беамон бурда шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *