Зиндагии осоишта ва обод бе ҲНИ

Вақте дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ, таърихи миллат сухан меравад, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем. Аз давлати асримиёнагии тоҷикон давлати Сомониён то имрӯз ин миллат чи қадар рӯзҳоро аз сар гузаронид, ки ҳар лаҳза метавонист ба ҳолати нестӣ равад. Дур намеравем, оғози солҳои бистуми асри гузашта, ки қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ чӣ қадар ҷоннисориҳо барои пойдории миллат ба зуҳур овардааст. Танҳо барои ҳимояи воҷаи «тоҷик» ва «миллати тоҷик» муборизаҳои сахтеро аз сар гузаронидааст.

Имрӯз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.

Чунин як равия дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал-муваҳҳидун» номид. Таълимоти он бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рӯ, мардум онҳоро «ваҳҳобӣ» ва баъдан «салафӣ» ном ниҳоданд.

Муассис ва идеологи салафия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омада, баъд аз омӯзиши улуми исломӣ як қатор ақидаҳои худро паҳн намуд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ӯро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд, Мадина, Кӯфа, Бағдод ва дигар шаҳрҳое, ки онҷо сукунат намуда, ақидаҳои худро паҳн менамуд, шармандавор ронданд.

Имрӯз пайравони ӯ, идеологҳои салафӣ аз қабили Ибни Таймия, Носируддин Албонӣ, ал-Усаймин, Ибни Боз ва дигарон бар он назаранд, ки Худованд дорои чеҳра, ду даст, ангуштон буда, дар болои Арш истиво дорад, ба осмони дунё фуруд меояд ва амсоли ин, ки мутааллиқ ба оёти муташобеҳ мебошад..Омили асосии ихтилофоти салафия бо мазҳабҳои чоргона ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодот, ки бо далели возеҳ тасдиқ нашуда мебошад. Аз ҷумла, салафия «ломазҳабият», яъне бемазҳабиро авло дониста, тақлид, тавассул-дархост аз Худо ба воситаи Паёмбар (с), тавассул ба воситаи некӯкорон, зиёрати қабрҳо, табаррук ҷустан, яъне баракат гирифтан аз осори Паёмбар (с), таҷлили мавлуди Набӣ (с), зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро бидъат эълон намуда, инчунин дар масоили фиқҳӣ, мисли тарзи адои намоз-бастани

дастҳо, васеъ гузоштани пойҳо, гуфтани такбир, ишораи сабоба, намози таровеҳ тафовут доранд.

Сарвари давлат нисбати ин масъала ҳамешагӣ дар маърӯзаву суханрониҳои хеш изҳори назар мекунанд. Сарвари давлат бо таассуф зикр мекунанд, ки ҷавонони мусулмон, бархе аз фарзандони миллати барӯманди тоҷик имрӯз дар кишвари Сурия, Покистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, тариқи телевизион ба мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунанд, равиши худро мазҳаб меноманд, Имоми Аъзамро муҷоҳид мегӯянд. Шиносномаҳои худро сӯзонида аз ватану миллат рӯй гардониданд. Он кирдорҳое, ки тариқи телевизион намоиш дода шуданд, мардуми моро огоҳ намуд ва ҳушдор дод. Мо бояд бедор шавем, зеро имрӯз ба ҳамаи мо хатар таҳдид мекунад.

Дар ин раванди номатлуб Хизби назхати ислом низ таъсири худро гузошт. Фаъолияти он дар доираи қонун басе аъмоли щайри қонуниро рӯи кор овард. Бо баҳонаи тарщиби анъанаҳои неки исломц онҳо щояҳоеро ташвиқ намуданд, ки зимнан мардум-хоса пайравони эшон дар ниҳодашон як андоза щаразу кина ва адоватро нисбати Ватану кишвар пайдо карданд. Онҳо фаромӯш карданд, ки дар дунё кишваре вуҷуд надорад, ки бе мушкиливу бе масоили ҳалталаби рӯзмарра мардумаш умр ба сар барад. Онҳо фаромӯш карданд, ки ин низоъҳои бебунёд метавонад ба ҷангу ҷидол орад ва мардумро аз зиндагии осоишта маҳрум созад. Яъне ин ҷо метавон хадс зад, ки ҲНИ то охир натавонист зери ниқоб амал кунад ва чеҳраи аслии хешро ифшо намуд. Аксари пайравон ва аъзоёни ҳизб низ дарк карданд, ки аз сарвари гурезаи эшон умеде нест ва тан ба тақдир супориданд. Қатъ намудани фаъолияти ҲНИ ҳарчанд дер ҷамъ шуд, вале ба фоидаи миллати тоҷик мебошад.

Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ бе мавҷудияти ҳизбу ҳаракат истифода намоем.

 

Шарипов Зокирҷон,

  мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолитяти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *