БАРАНГЕЗАНДАГОНИ  НАФРАТИ  ХАЛҚ

 

Даврони  соҳибистиқлолии Тоҷикистон  марҳилаест, ки  тоҷикон дубора ба ҷаҳониён ҳамчун халқи куҳанбунёду соҳибтамаддун ва фарҳангофару таҳаммулагаро муаррифӣ шуда, бо таҷрибаи сулҳу ваҳдат ва амнияти устувор бори дигар собит намуд, ки мардуми шарифи тоҷик бо такя ба фитрати азалӣ  ҳар гуна мушкилоти маънавию маданиро  бо сари баланд паси сар хоҳад кард. Пӯшида нест, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи  Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як давлати  ҷангзадаву рӯ ба суқут ба  як кишвари пешрафтаву  обод ва озод табдил ёфт. Ҳама дар ёд доранд, ки сарвари давлат барои аз байн нарафтани давлат ва пора-пора нагаштани марзу буми кишвар аз ҷоннисориву гузаштҳо рӯ бар натофт. Барои эҳёи дубораи миллату давлати тоҷик дасти оштӣ бар ҷониби мухолифон дароз карда, тамоми ноҷавонмардиҳои тарафаи муқобилро бахшид. Хидматҳои шоистаи Президенти кишвар дар расидан ба сулҳи деринтизори мардуми тоҷик хеле бузург аст, ки то тоҷику  Тоҷикистон ҳаст аз ёдҳо нахоҳад рафт ва то ҷовидонаҳо мардум фаромӯш нахоҳад кард. Пешвои миллат барои ҳалқи  худ хидматеро анҷом дод, ки дар замони ҳукуматдории Сосмониён маҳз ҳамин гуна корро Исмоили Сомонӣ барои тоҷикон анҷом дода буд.  Мардуми мо бояд донанд, ки маҳз  истиқлолият  барои расидан  ба арзишҳои милливу маънавӣ замина гузошт. Ва дар ин раванд  нақши Пешвои миллат хеле назаррас аст.

Бо вуҷуд ҳамин қадар пешрафтҳо ва бунёди дубораи давлату миллат ҳамчунин  соҳиб гардидан ба сулҳу амнияти устувор баъзе душманони миллати тоҷик боз ҳам тухми низоъ ва адоват миёни ҷомеа мекоранд, ки албатта нафрати мардуми шарифи кишварро бармеангезад. Ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки мехоҳанд бо дастуру супоришоти хоҷаҳои хориҷаи худ фазои сулҳу ваҳдати кишварро, ки мардуми тоҷик ба ҷонбозӣ ба даст овардааст халалдор намоянд. Мисоли равшани он ҳаракатҳои ноҷавонмардони генерали тоҷик Назарзода  аст, ки бо кӯмаки  ҲНИ  сурат гирифт. Албатта  ин хиёнаткорон   пиндошта буданд, ки давлатро ба осонӣ метавонанд ноором созанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки Тоҷикистони имрӯза Тоҷикистони дирӯза нест. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик  бо сарварии  Пешвои миллат  медонанд, ки  ба ҳар гуна нифоқҷӯиву фитнангезӣ роҳ наҳоҳанд дод. Албатта барои амалӣ намудани   мақсадҳои нопоки ин хиёнаткорони миллат хоҷагони хориҷӣ манфиатдор ҳастанд. Имрӯз мардуми тоҷик медонад, ки маҳз ҳамин гуна хоҷагон ва манфиатдорон дар ҷаҳон ба сари Сурияву Ироқ  ва Афuониятон чӣ рӯзҳоеро наоварданд. Хиёнати Гулмурод Ҳалимов дигар аз  корҳои нанговари як нафар ватанфурӯш аст, ки  халқу миллат ҳаргиз нахоҳад бахшид.

Бояд бидонем, ки  давлату ҳукумат барои мухолифон  мақому мансаб ва вазифаҳои баланди давлатиро дареu надошт. Аммо бо ин ҳама,  хиёнаткорони миллат  Ҳ. Назарзода, Ҳалимов Гулмурод ва М. Кабирӣ  бо вуҷуди  шароити хубу  вазифаи баланди давлатӣ доштан,  хок бар  чашми миллат пошиданд.  Ҳама медонанд, ки ба дасисаҳои сиёсӣ ва оқибат ба ҷанги бародаркуш кашида шудани кишвар аз ҷониби ҲНИва пайравони ӯ сар зада буд. ҲНИ он замон ҳам сарчашмаи ҷанг ва хушунат буд, имрӯз ҳам. Нооромии санаи 4-5 сентябр туфайли мақсадҳои нопоки пешвоёни ин гӯруҳ чун Абдуҳалим Назарзода, машҳур бо унвони «Ҳоҷӣ Ҳалим»  ба вуҷуд омад.

Пӯшида нест, ки барои таҳким бахшидани давлати соҳибистиқлол, таъмини сулҳу субот дар кишвар чунин ашхосе, ба монанди Ҳоҷӣ Ҳалим ба сохторҳои қудратӣ роҳ дода шуд. Мавсуф зиндагии босаодатро бо пулҳои ҳангуфт роҳандозӣ намуда, то дараҷаи рутбаи генералӣ расид. Аммо кинаву кудурати кӯҳна аз дил берун нашуда, баръакс ба авҷи камолот расида будааст, ки амалҳои хиёнаткоронаро ба ватану халқи азизаш раво дид.

ҲНИ, ки имрӯз аз ҷомеаи ҷаҳонӣ адолат талаб мекунад, оё намояндагони он медонистанд, ки мардуми кишварро ноором намудан пеш аз зери по намудани адолати иҷтимоӣ аст. Оё медонистанд, кис ар задани нофаҳмӣ барои Тоҷикистон сулҳу ором чӣ пайомадҳоеро дар пай дорад? М. Кабирӣ, ки худро як  ватандор эълом намудааст оё медонад, ки  дар сояи дигарон истода ба ватану давлат хиёнат кардан ҳаргиз оини ватандорӣ ва ҷавонмардӣ нест?

Агар ҳамсоя ба кас хиёнат кунад, мегӯӣ ки бегона аст, вале хиёнат аз дохил, яъне оила бошад зарбаи дилфигор аст. Зеро бо неъмати оила ба воя расида, теғ ҷониби худ кардан бадтарин амал барои шарафи одаму одамгарӣ мебошад, ки  ин ашхос  нисбати ватану миллат муносиб донистанд.

Мо чунин амалҳои хиёнаткорони Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконашро маҳкум намуда, итминон дорем чунин амалҳои нохалафона беҷавоб намемонанд. Чи хеле, ки тирашон хок хӯрд, минбаъд низ амалҳои бебунёди онҳо ба мақсад намерасад. Зеро Ватан фарзандони зиёде дорад, ки баҳри дифои марзу буми меҳан, осоиши мардум, амнияти иҷтимоӣ талош меварзанд, лозим ояд ҷон фидо мекунанд.

Муроҷиатҳои эътирозии ағлаби ҷаҳониёни гумроҳу ҷаҳолатпеша, ки ҷонибдории ҲНИ-ро пайгирӣ доранд, кори нафарони адоватпешаву интиқомҷӯи миллати ҷафокашидаи мо буда, ҳеҷ гоҳ мавриди пазироии аҳли хирад буда наметавонад.

 

 

 

Муаллими калони кафедраи менеҷмент

Абдуғаниев Ш.Қ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *