Зиддиятҳои падидаи дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

Масъалаи таносуби дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷқикистон  яке аз муаммоҳои мубрами ҳаёти маънавии тоҷикон мебошад. Дар бораи моҳияти ин масъала каме поёнтар қазоват менамоем, вале ин қазоват қаблан ба он вобаста аст, ки дар ҷомеаи тоҷикон, ки зиёда аз 90 % аҳоли мусулмонон мебошанд, чи тавр сарҳади дунявияту диниятро муайян намуд?  Гарчанде дар моддаи 8 Боби якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ муқаррар шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо аст, вале баҳсу мунозираҳо оид ба мақом ва нақши дин дар ҷомеа идома доранд. Боиси таассуф аст, ки масъалаи таносуби дунявият ва диният дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ боз авҷ гирифтааст. Мавҷудияти низоми бисёрҳизби дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  падидаи муқаррарӣ мебошад. Вале хавф дар он аст, як гурӯҳ ҳизбиён, масалан, намояндагони ҲНИТ, Салафия ва дигарон муколамаи дунявияту диниятро мехоҳанд барои амали гардонии мақсадҳои барои ҷомеаи тоҷикон бегона истифода баранд. Баъзан шахс ба ҳайрат меафтад, ки онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳодисаҳои солҳои 90-ум низ маҳз аз ҳамин гуна муколамаҳои тундгаро оғоз ёфта буд. Наход ин ашхоси ба ном “сиёсатмадорони миллатдӯст” мақсадҳои маҳдуди ҳизбии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон болотар гузоранд.  Шояд ин  “сиёсатмадорони навтавлид” марги падару модар, бародару фарзанд ва кӯдаки навзод, саргардонии миллионҳо тоҷикро дар берун аз хоки Ватан ва сӯхтани шаҳру деҳоти Тоҷикистонро бо чашми худ надидаанд. Шояд баъзеи онҳо дидаанд, вале худро нодида мегиранд. Ин сиёсатмадорони навтавлид имрӯз иддао доранд, ки дар ҷомеа арзишҳои демократӣ ҷой дошта бошад. Бале, бояд ҷой дошта бошад, аммо биёед як бор аз онҳо бипурсем, ки куҷо буданд ин ба ном “қаҳрамонони дилсӯзӣ миллат”, ҳангоме, ки пайравони дирӯзаи онҳо садҳо, ҳазорҳо одамонро ба алангаи марг тела медоданд. Барои чӣ онҳо дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, сайтҳои Интернет  “режими Рахмонов” гуфта ҷор мезананду  ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро сиёҳ мекунанд ва  аққалан як бор аз худ намепурсанд, ки барои рушду нумӯъи Ватан чи хидмате карданд? Онҳо ба худ ҳеҷ гоҳ чунин савол намедиҳанд, зеро онҳо ба ғайр аз паҳн намудани исломи тундгаро дар ҷомеаи тоҷикон, танқиди Давлату Ҳукумат, кӯшиши паст задани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои Ватани хеш ҳеҷ хидмате накардаанд? Ёдовар карданием, ки давлати соҳибистиқлоли мо акнун 23 сола шуд. Дар ин радиф мехостем ба онҳо гӯшрас намоем, ки давлатҳое, ки таърихи 100-200 сола доранд аз камбудиҳо ори нестанд. Вале ҷомеаи Тоқикистон дар тӯли 23- соли соҳибистиқлолии худ масофаеро тай намуд, он ба садсолаҳо баробар аст.

Боиси хурсандию сарбаландии миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки тўли 23 сол аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шўълаи ҳаётбахши он, рўзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рўзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон равшантару пуршукўҳтар гаштааст. Имрўз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пўшиданд ва мову шумо имрўз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Аз мағз андар мағзи осори безаволи Одамушшуаро Рўдакиву Фирдавсӣ, ғазалҳои оламгири  Ҳофизу Саъдӣ,  ғазалҳои дар ғарибӣ сурудаи Камоли Хуҷандӣ,  фалсафаи Форобию Ибни Сино, Аҳмади Дониш руҳияи  истиқлолхоҳӣ меояд. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абўмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият  мебошад. Аз ин рў, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо тўли ҳазорсолаҳо идома ёфта,  дар ибтидои асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Муборизаи шадиди мафкуравии фарзандони бузурги миллати мо, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим  Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода ва гурўҳи калони олимону зиёиёни сарсупурда ва дурандеш набояд аз ёдҳо зудуда гарданд. Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиғи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру  ҷовидона мубориза бурда халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ  ҳидоят намуданд. Зиёда аз ин, метавон гуфт, маҳз ҳамин кўшишу ғайрати бошуҷоати онҳо, заминаи боэътимоди ташаккули ғояйи миллӣ гаштанд.

 Вобаста ба ин, мехостем баъзе андешаҳои хешро доир ба таносуби дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон баён намоем. Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар ҷомеаи имрӯзаамон, ки ғояйи ваҳдати миллӣ ва ризоият барқарор аст, барои муборизаи мафкуравӣ ҷой нест. Вале тавре дар боло ишора рафт аксарияти мардуми мо эътиқодманди дини мубини исломанд ва ашхосе аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд мардумро гумроҳ намоянд. Барои он, ки онҳо хешро аз падидаҳои номатлуб эмин дошта бошанд, ба мазмуну мӯҳтавои дунявияту диният сарфаҳм раванд.  Бояд иқрор шуд, ки дар майдони муколамаи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон масъалаи таносуби дунявияту диният яке аз масъалаҳои нозук аст. Ин ҳолат аз он бармеояд, ки мазмуну мундариҷаи дунявияту диният то ҳол баррасии амиқи назарявии худро наёфтааст  ва ба суоли мусулмони ҳақиқи  кист то ҳол ҷавоб нест. Иллоҳиётшиносон таъкид менамоянд, ки ҳар он ашхосе, ки фарзҳои исломро иҷро менамояд мусалмон аст, вале тавре дар боло зикр гашт исломиёни сиёси мехоҳанд, ки  тамоми паҳлӯҳои зиндагии одамон бояд тобеи талаботи шариати исломӣ  бошад. Намояндагони давлати дунявӣ зиддӣ чунин масъалагузорианд ва ин амали онҳо аз ҷониби исломиён  тундгароии дунявӣ номида мешавад.

Муколамаи дунявияту диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  ифодагари сиёсати зиддидинии давлат  нест, зеро давлати имрӯзаи Тоҷикистон барои ба ҷо овардани фарзҳои динӣ барои шаҳрвандонаш ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварда истодааст. Зиёда аз ин дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири тоҷикон  эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, ба таври бояду шояд баҳогузори мешавад. Аммо ба ҳар ҳол агар ҳаёти маънавии ҷомеаи Тоҷикистонро як узви том тасаввур намоем, дунявияту диният  ҷузъҳом алоҳидаи он мебошад. Пас, аз ин ҷо чунин бармеояд, ки муколама байни ҷузҳом ҷомеа меравад, ки ин дар доираи фалсафаи анъанавӣ ба мантиқ рост намеояд. Вале дар майдони фалсафаи иҷтимоии муосир, ки дар он ҷомеа ҳамчун низоми кушода баррасӣ мегардад,  муколамаи динияту  дунявият сурат мегирад, ҳолати муқаррарӣ мебошад. Вале боз таъкид менамоем, ки ин муколама бояд дар доираи далелҳои воқеи, одобу ахлоқи таҳаммулпазир сурат гирад

Дар ҷаҳонбинии дунявӣ  тарзи зисти одамон гуногун мазмун буда он аз ҷумла диният ва ғайридин буданро низ дар бар мегирад. Ин яке аз принсипҳои муҳими ҷомеаи демократӣ оиди озодии виҷдон аст. Таҷрибаи давлатҳои исломии ҷаҳон собит месозад, ки яке аз талаботи муҳими дар эътидол нигоҳ доштани ҷомеа  ин мавҷуд будани фарҳанги таҳаммулпазири нисбати онҳое, ки тарзи зисти онҳо қисман ба талаботи дин мувофиқат мекунад, аммо на ҳамаи талоботи шариат иҷро мегардад. Масалан, барои онҳо шахсе, ки аз нигоҳи худшиносӣ мусулмон ҳасту, вале намоз намехонад ва ё зане, ки дасту рӯи хешро бо чадра намепӯшонад мусулмон нестанд. Тавассути рӯзномаҳои хеш, ба воситаи магнитофонҳо дар  нақлиёт ва дар масҷидҳо зидди онҳое, ки намуди зоҳириашон ба талаботи дини ислом мувофиқ нест муборизаи шадиди мафкуравӣ мебаранд. Чунин рафтори хешро онҳо мубориза баҳри диният ҳисобида, арзишҳои демократии Эъломия умумии ҳуқуқи башар баромад мекунанд.

Намояндагони исломи сиёсӣ муборизаи мафкуравии худро аксаран ба таҷрибаи бунёди давлати демократи дар кишварҳои тараққикардаи Аврупо пайваст кардан мехоҳанд. Дар айни ҳол онҳо фаромӯш менамоянд, ки демократияи ғарби ба озодии виҷдон асос меёбад. Озодии виҷдон чист? Ин ҳуқуқи инсон оид ба муайян намудани муносибати худ ба ин ё он дин аст. Ба ҳеҷ кас, ҳатто ба исломиёни тундгаро низ ҳуқуқ дода нашудааст, инсонро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад. Агар касе аз лиҳози худшиносӣ худро мусулмон ҳисобаду на ҳамаи талаботи динро ба ҷо орад, ин ҳуқуқи ӯ мебошад.Бояд эътироф намуд, ки ин ҳолати ғайридинӣ нест, балки демократияи ҳақиқист, ки миллионҳо одамон дар қитъаҳои Амрикову Аврупо ҳаёт ба сар мебаранд.

Ҳамин тариқ, омӯзиши масъала собит менамояд, ки дар майдони муколамаи дунявияту диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон зиддиятҳои зерин ҷой доранд:

  • зиддияти байни принсипҳои анъанавии маънавият ва тағйирёбии ахлоқи одамон зери таъсири ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ;
  • зиддиятҳое, ки аз духӯрагии шуури одамон нисбат ба падидаи дунявият ва диният (як тарзи муносибат дар доираи хонавода, дигаре расмӣ, яъне дар кӯча, ҷои кор ва ғайра )
  • зиддияти байни озодии виҷдон ва талаботи исломгароёни тундгаро;
  • зиддияти байни ашхосе, ки аз лиҳози худшиносӣ хешро мусулмон меҳисобанду на ҳамаи талаботи онро ба ҷо меоранд ва онҳое, ки талаботи дини исломро то бунёди давлати исломӣ матраҳ менамоянд;
  • зиддияти байни демократияи дунявию демократияи динӣ.

Мавҷудияти ин зиддиятҳо нишон дода, бояд зикр намуд, ки онҳо дар рафти муколамаи дунявияту исломи сиёсӣ ба миён меоянд.  Баробари ин,мавҷудияти арзишҳои демократиро дар ислом умуман инкор кардан дуруст нест. Масалан, мо чунин ҳолатро дар ҳамзистии дунявият ва исломи омӣ (халқӣ) дида метавонем, ки ҳар ҷониб ҳам барои мустаҳкам намудани пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳиссагузор мешаванд.

 Истиқлолият ва бунёли давлати миллӣ тақозо менамояд, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё  намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумўи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кўшишу ғайрат намоем. Ин амал хело зарур аст, зеро дар ҳақиқат ҳам Истиқлолияти давлати ва худшиносии миллӣ бе дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд.

                                    номзади илмҳои фалсафа,  дотсент  Солиҷонов Р.,

мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *