ЗИДДИ ҶАРАЁНҲОИ ИФРОТӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Бо ифтихору сарбаландӣ қайд менамоем, ки имрӯз мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва рӯ ба тараққӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт мустаҳкамтар мегардад. Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварамон ҳамаи душвориҳо марҳила ба марҳила паси сар шуда, имрӯз тамоми мардум сарҷамъ ва дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагонӣ доранд. Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай дарк намудааст, ки Тоҷикистон дар тамоми самтҳо рӯ ба пешравӣ дорад. Таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ худ гувоҳи пешрафт ва марҳила ба марҳила беҳтар шудани сатҳи зисту зиндагонии аҳолии кишвар аст. Бидуни замон, ҷомеаи ҷаҳони Сарвари давлати моро ҳамчун сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ мешиносад. Мутаассифона, ин ҳама пешравиҳо барои макони ифротиён ба ном Паймони миллӣ, ки бевосита ташкилоти экстремистию террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) маҳсуб меёбад ва думраваш Гурӯҳи 24-у як қатор дигар равияҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд. Халқи азизи Тоҷикистон, ҳатто ҷаҳони муосир дарк намудааст,ки мақсаду мароми ин тӯдаи бо ном мухолифи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, марому ормонҳои мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон набуда, балки ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷии ташкилоти террористиву экстремистии наҳзатиҳо буда, ҳадафи асосӣ ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Чаро мо , маҳз номи ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи-24-ро ба забон овардем, чунки таърихи башар исбот кардааст,ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта, бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳо,бештарашон дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, ҳадафҳои ниҳоиашонро роҳандозиву амалӣ намудан кӯшиш доранд.
Бинобар ин ҷавонони кишварро лозим аст, ки ба воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо диҳанд. Дар шароити имрӯза вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст аз он иборат аст, ки барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзида, бар зидди чунин ҷараёнҳои ифротӣ муборизаи беамон барем.

Д. ҶОННАЗАРОВА
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *