БАҲРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА РИСОЛАТИ ХЕШРО САРБАЛАНДОНА ИҶРО НАМОЕМ!

Мушоҳидаҳо собит менамод, ки имрӯзҳо ҳаракати ифротӣ бо номи Гурӯҳи-24 чун ТТЭ ҲНИ бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон ҳарф мезананд. Чунончӣ, ашхоси дурӯя аъзои ҳаракати мазкур Беҳзод Тағойзода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум” пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезад. Беҳрузи ҳасадхур намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст! Умуман бадхоҳони миллат баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад. Имрӯз яке аз думравони ТТЭ ҲНИ Беҳрӯзи ҳасадхур ба он ҳоле гирифтор гардидааст, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткорӣ ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Аз фаъолияти чандсолаи ТТЭ ҲНИ ва думравонаш Гурӯҳи-24 маълум аст, ки ин афрод ҳадафаш тағйири мазҳаб, сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки дар барномаҳои ифротии “Садои мардум”, “Паймони миллӣ” омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки Кабирию Беҳрӯзи Тағойзода ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд, аммо ин дер давом намекунад, подоше, ки онҳо сазоворанд шармандавор аз сӯи хоҷагонашон ҳатман мегиранд. Умуман хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Хулоса, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд бар зидди амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм мубориза мебарем. Воқеан пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Ҷавонон неруи бузург дар ҳар давру замони пешрафти миллат дониста шуда,ҷавононро ояндасози ҷомеа меноманд. Ҷавонон дар меҳвари ҳама гуна тағйироту табаддулоти равандҳои ҷомеа, неруи маркази маҳсуб ёфта, дар таърихи ҷомеа низ нақши муассир доранд.Ҷавонони кишвар ҳомиёни кишвари хеш ҳастанд.Баробари ин бояд қайд кард, ки агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омӯхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.
Дар интиҳои андешаи хеш бояд қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро сарбаландона иҷро намояд.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *