ЯК БАДӢ ХОҲИ БА КАС ДАҲЧАНД БАРГАРДАД БА ТУ!

Мо имрӯз дар Тоҷикистони азизамон дар фазои тинҷию оромӣ, сулҳу Ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва хотирҷамъию хушбахтӣ умр ба сар бурда истодаем. Вале боиси изҳори таассуф кардан аст, ки дар ҷомеаи имрӯза афроди сиёҳдилу хиёнаткори давлату миллат ба назар мерасад. Ба мисоли ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳрӯз Тағойзода, аъзои ҳаракати ифротии Гурӯҳи -24 , ки ин бадхоҳони миллат, баъд аз аёну тасдиқ шудани симои аслӣ ва ҳадафу мақсад ва ғаразҳо роҳи гурезро пеша гирифта, ба назди хочагонашон дар кишвари Аврупо паноҳ ёфтаанд. Имрӯз ин хоинони миллат дигар шуғле наёфта, барои амалӣ намудани супоришҳои навбатии хоҷагонашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир”, “Садои мардум” ва “Ҳақ ва ботил” ҳаргуна наворҳои сохтаро пахш мекунад, ки ин ҳама бар хилофи мардуми тоҷик буда, сар то дурӯғу сафсатагӯӣ аст!
Имрӯз ин бадҳоҳон дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта фикр намесозанд, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидагонро роҳгумзада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро боз ба вартаи ҳалокат равона сохтани ният доранд.
Такрор ба такрор таъкид карда, хотиррасон менамоем, ки воқеан имрӯз нақшаҳои зерпардагии ТТЭ ҲНИ ва ҳаракати ифротии Гурӯҳи-24 ба ҳамагон маълум аст. Ба бадхоҳони давлату миллат, бахусус ба Муҳаммадиқболи бешарафу Беҳрӯзи ҳасадхуру бефарҳанг гуфтанием, ки вуҷудашон аз андешаҳои ғаразмандонаву таъсири идеологияи бегона саршор аст, калимаҳои муқаддас чун “Модар” “Ватан” бегона меҳисобед ва баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ, ба рехтани ашки ҳасрати модари тоҷик сабаб гашта, магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред! Дар ин бора бузургони мо фармудаанд:
Ҳарчиз аз роҳи бадӣ маҷсуди кори худ маҷӯ,
Як бадӣ хоҳи ба кас даҳчанд баргардад ба ту !
Изҳори матлаби ин андеша аз ҷониби як омӯзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрӯз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накӯкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Имрӯз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин дурӯғгӯӣ, ғайбату тӯҳаматҳи бадхоҳони давлату миллат ба назар мерасад. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон, ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.

М.САИДХӮҶАЕВА,
сармуаллими кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *