ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбат ба баромадҳои иғвогаронаи хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо устодони кафедра огоҳ ҳастем, ки вақтҳои охир аз ҷониби хоини давлату миллати мо тариқи “Фейсбук” ва “Ютуб” баромадҳои пасту баланди бардурӯғи иғвогарона ба назар мерасад, ки ин ҳолат моро ба канор гузошта наметавонад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки хоинони миллату давлат, бахусус яке аз ҳаммаслакони бешарафи ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқоли Садриддин ва дигаре аъзои ҳаракати ифротии Гурӯҳи-24 Беҳруз Тағойзода тарики барномаҳои ифротиашон боз мехоҳанд ҳоламонро табоҳ созанду моро байни ҳам ба ҷанг андозанду худашон аз ҷониби дигар тамошобин шуда, бар ҳоламон биханданд. Ҳаргиз не! Мо омузгорон ба ин роҳ намедиҳем! Тафаккури мардум тафаккури шумо барин куҳнаву бади пур аз кина нест. Корҳои худатонро рӯпӯш мекунед. Ҳамаи корҳои ифродиатонро боз бо номи Худо оғоз мекунеду зери ниқоби Худотарс корҳоере мекунед, ки ба ягон қолаби одамигарӣ рост намеояд. Бояд бигӯям, ки чаро аъзоёни Шумо фақат муҳоҷиронанд? Шумо аз хориҷа истода бо истифода аз он, ки онҳо берун аз кишваранду бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд бар худатон ҷалб мекунеду бо истифода аз имконияту афзалияти шабакаҳои интернетӣ номи Ватанро сиёҳ мекунед. Воқеан ҳаёт бе мушкили нест ва касе онро инкор карда наметавонад. Вале набояд миллату Ватанро ба он гунаҳкор кард. Хотиррасон менамоем, ки ягон мардуме, ки дар Ватани хеш зиндагӣ мекунад ба ҳиллаҳои хоинони миллат дода намешавад. Зеро тафаккури онҳо поку нисбати Ватани азизамон ақидаҳои нек доранду барои гул-гул шукуфии он камари ҳиммат бастаанд.
Бинобар ин, ба Муҳаммадиқболу Беҳруз гуфтанием, ки беҳуда қурбоққа барин аз минбарҳои дур истода, ваққос назанед! Ин кори ношуданист! Ин кори душмани баттоли миллат аст!
Дар интиҳои изҳороти хеш рафтору гуфтори иғовогаронаи душманони ммиллату давлат- ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24”-ро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем, тамоми кӯшишро ба харҷ дода, Ватани хешро аз дасисаҳои хоинони давлату миллат эмин нигаҳ дорем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *