ВОРӮХРО БА КАСЕ НАМЕДИҲЕМ!

 

Дар тӯли ҳазорсолаҳои таърих буданд ҳолатҳое, ки бинобар сабабҳои марзию ҳудудӣ ва тақсимоти ноодилонаи он ва инчунин ғасби худсаронаи як ҷониб аз ҷониби дигар ба моҷароҳои таърихӣ боис гардидааст. Маҳз, босабабҳои худсарона ғасб намудани заминҳои макарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳолии Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи ғайрирасмӣ, яъне худсарона кучбаста нишастани аҳолӣ ё манзилбунёдкунии онҳо дар марзи Тоҷикистон дар таърихи 29 апрели 2021 дар минтақаи марзии шаҳраки Ворӯхи ноҳияи Исфара бо баҳонаи анклав шуморидани ҳудуди он ва аз они худ шуморидани макони саргаҳи обтақсимкунии «головной», ки тибқи манбаҳо соли 1970 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, задухурд бо роҳи сангандозиро қирғизҳо бо кӯмак ва таъсири мақомдорони он оғоз намуда, то бо истифода аз силоҳи оташфишон расониданд.

Дар натиҷа, ин моҷаро шакли умумиро касб намуда, ба ҷанги сиёсии байни минтақа табдилёфта, ба дигар минтақаҳо ба монанди Хистеварз ва Овчи қалъача ва дигарон тул кашид.

Албатта, тибқи иддаъои ҷониби Қирғизистон, ки шаҳраки Ворӯхи ноҳияи Исфараро ҳамчун анклав дар ҳудуди худ ва саргаҳи обтақсимкунии «головной»-ро аз они худ шуморида дар он камераҳои наворбардорро насб намудаанд, гӯё ба амал омадааст. Ҳол он ки аз манбаҳои таърихи аёнаст, ки дар харитаи 1924 Ворӯх ягон хел анклав набуд, балки пурра қисмати марзии Тоҷикистон мебошад ва қирғизҳо бо роҳи худсарона макон гирифтани онҳо ба як анклафи сунъи онро табдил дода, аз они худ мешуморанд.

Тибқи таҳлили манбаҳои иттилоотии расонаҳо ва коршиносон сабабҳои асосии муноқиша ва то ба ҷанг табдилёфтани он ҷиҳатҳои зерин маҳсуб меёбанд:

– дар моҳи марти соли равон ташкил ва баргузор намудани машқҳои ҳарбӣ-омӯзишӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон;

– дар моҳи апрел пешниҳоди иваз намудани Ворӯх бо дигар минтақаҳои марзии дар ҳудуди Қирғизистон қарор доштаи Тоҷикистон;

– таҳдид намудани Қ. Ташиев бо даъвои он ки дар Хоҷабоқирғон аз ҷониби Қирғизистон ба зуди обанбори бузурге бунёд гардида, шаҳри Хуҷанд ва дигар манотиқи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе об гузошта, сипас ба ҳалли муаммои марзи нуқта мегузорад;

– дар саргаҳи обтақсимкунии «головной» насб намудани камераҳо аз тарафи қирғизҳо ва нагузоштани иҷрои ин амал ба ҷониби тоҷикҳо.

Ҳамаи ҳолатҳои болоӣ аз ғаразнокии ҷониби Қирғизҳо ва даст доштани мақомдорони он ба моҷарои ду минтақаи даргир ва аз ин ҷо, сабабгори ба ҳалокат расидани аҳолии осоишта ва расонидани зарарҳои иқтисодию молиявӣ ба ҷонибҳо боис гардидааст.

Алиев А.Р., омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *