ДАР ҲАМА ҲОЛАТ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ЗАРУР АСТ!

 

Баҳси марзӣ миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи нав нест. Ин муаммо давоми чанд соли охир вуҷуд дорад ва дар натиҷаи иғвогариҳои ҷониби қирғиз то имрӯз даҳҳо нафар сокинони осоиштаи Тоҷикистон маҷрӯҳ ва ӯ ҳатто аз ҳаёт маҳрум шудаанд. Аз муноқашаи охирин, ки ҳануз фурсати зиёд нагузашта, ҷониби Қирғизистон ба иғвои дигар даст зад. Новобаста аз он ки моҷарохои баҳси бо “ташаббус”-и халқи қирғиз рух медиҳад, ҳамоно расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Қирғизистон аз меъёрхои касбӣ ва принсипҳои журналистикаи  байналхалқӣ даст кашида, ҳодисаро ба манфиати худ инъикос мекунанд.

Чунин ҳолат таҷрибаи аввал нест. Ин дафъа низ воситаҳои ахбори оммаи қирғиз бидуни риояи андеша ва фаромӯш намудани оини ҳамсоядорӣ баҳси марзиро дурӯғ тасвир намуданд. Чунон ки сомонаи иттилоотии “Knews” менависад, ки ҷонибҳои баробар сангпартоӣ намуданд. Ҳол он ки қадами аввалин барои муноқиша ҳамеша аз ҷониби қирғиз гузошта мешавад. Ин минбаъ хабар медихад, ки аз ҷониби қирғиз ду нафар бо ҷароҳати сар ба беморхона бистарӣ шудаанд. Аммо дар бораи хисорот ва ҷароҳати ҷониби Тоҷикистон “мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задааст”.

Мувофиқи иттилои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин. Аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи  хеле дур вокеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби
Тоҷикистон сафарбар намудааст. Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯрави барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд. Ҳарчанд воситаҳои ахбори чопӣ ва электронии Ҷумҳурии Қирғизистон адр ин ҳодиса низ ҷониби Тоҷикистонро айбдор карданӣ мешаванд, аммо ба таъбирии маъмулӣ “Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба байн нест”.

Ин ки халқи тоҷик давоми давлатдории худ боре ба суйи ҳамсоя тир накушодааст ва ба моликияти ғайр чашм ало накардааст, таърих шоҳид аст. Мардуми тоҷик аз азал аз суннати ҳамсоядорӣ бархурдор буда, дар хама гуна ҳолат роҳи мусолиҳаву сулҳро пеша мекунад. Аммо агар ба таърихи халки қирғиз назар афканем. малум мешавад, ки ин миллати камназар аз оини ҳамсоядорӣ фарсахҳо дур буданду дур мемонанд.

Омили дигари чунин муносибати иғвогароёни ҷониби қирғиз ин паст будани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги таҳлили сокинонаш мебошад, ки бидуни дуруст омӯзиши масъала барои ҷанг гом мезанад. Фарқияти миллати тоҷик низ аз сокинони қирғиз дар ҳамин аст, ки тоҷикон на барои ҷанг, балки барои сулҳ талош мекуанду роҳи ҳалли моҷароҳои сарҳадиро дар музокироту гуфтушунид мебинад, зеро халқи соҳибтамаддуни тоҷик хуб мебинанд, зеро халқи соҳибтамаддуни тоҷик хуб медонад, ки бо ҷангу ҷидол муроде ҳосил намегардад.

То кунун низ ҳар иқдомоте ҷиҳати ором намудани вазъият дар сарҳад ва эътидол овардани моҷарои марзӣ роҳандозӣ шуд масъулини нерӯҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар муноқашҳои соли гузашта низ шоҳид будем, ки дар ҳоле ки маасъулини ҷамоатҳои қирғиз халқашро барои ҷанг даъват мекард, ҷониби Тоҷикистон сулҳро барои мардум таҳмил менамуд. Халқи кӯчманчии қирғиз, ки ғасби заминҳои бегона барояш меросӣ асту фарҳанг шудааст, бо ҳамсояҳои дигари худ ӯзбекҳо низ дар масъалаҳои саҳадӣ ҳамеша баҳс дорад. Ин аст, ки халқи ӯзбек хулқу атвори қирғизҳоро дар мақоле чунин тасвир кардааст, ки мазмуни тоқикии он чунин аст: “Ба қирғиз салом додам, сад танга талаб кард”. Ба таъбири дигар, дар мавриди табиати мардуми қирғиз байти мазкур мувофиқ аст:

Неши каждум на аз баҳри кин аст,

Балки муқтози табиаташ ҳамин аст.

 

                                                                  ШОРАҶАБОВА  Ш.З.,

ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷахон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *