Гурӯҳу гурӯҳзодаҳои ифротгар, бунёдгарони иртиҷои, террористон ва думравони онҳо: дар кадом симо ва таҳти кадом ному номгузорӣ вуҷуд дошта бошед. Таҷассуми мақсаду мароми Шумо дар кадом обу ранге ки набошад, ҳайратангез ва нафратовар аст, чунки:
1) Решаи сиёсии он ғасби ҳокимият, вайронкунии конститутсионии давлату ҳукумат;
2) Решаи иҷтимоӣ ва аз ҳама зишттари он вайронкунии осоиштагии сарзамини азизамон ва халқияту миллати кишвар аст;
Осоиштагӣ, сулҳу субот хамдилию хамраъии шаҳрвандон, муносибати ҳамдигарфахмонаи байни онҳо дастовардҳои бузургест, ки мо соҳиби он ҳастем.
Пешвои миллат набзи ҳар лаҳзаинаи дили ҳар як шаҳрванд, рози ниҳониву ошкори дили ҳар як халқияту миллати кишварро ҳамчун асоси амали тактикиву стратегии рушду пешравии мамлакат ва хоҷагии милли пеш мебарад. Зиндагӣ ва ҳаёти инсон бе мушкилот нест, ки мардуми кишвар онҳоро сарбаландона, дар таҳти роҳбарии Сарвари миллат, бартараф карда истодаанд.
Бино бар ин, мо мӯҳтоҷи “амалу маслиҳатҳои ҳакимонаю хирадмандонаю ахлоқомӯзона” – и Шумо нестем ва зидди аз хориҷ истода, ба ҳаёти мо дахолаткунии Шумоён садо баланд мекунем.
Абдуллоев Ғ., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологиҳои инноватсионӣ