Санаи 11-уми майи соли равон дар факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкади иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохўрии устодон ва донишҷўён бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳассилин баргузор гардид. Дар вохўрӣ Тошпўлотов Рустам – сардори шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники хизмати дохилӣ ва Толибзода Маҳмудҷон – сардори шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати мазкур, подполковники милитсия иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохўриро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Гулчеҳра оғоз намуда, аз корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва тарбиявӣ дар ин самт маълумот дод.
Сипас, Толибзода Маҳмудҷон – сардори шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо маърўзаи пурмуҳтаво баромад намуд. Таъкид гардид, ки содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст ва он бо сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ рух медиҳад. Аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқии баъзе аз ҷавонон ташкилотҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро гумроҳ менамоянд. Аз ин рў, ҷавононро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро дуруст истифода баранд ва бештар ба илмомўзӣ ва баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии худ кўшиш намоянд.
Дар идомаи вохўрӣ Тошпўлотов Рустам – сардори шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба масоили нашъамандӣ ва оқибатҳои ногувори он баромад намуд.
Маърўзачиён зимни баромад, донишҷўёнро ба ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, таҳсили намунавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои тозагию ободонӣ, риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дурӣ ҷустан аз падидаҳои номатлуби ҷомеа даъват намуданд.