Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Шўрои ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Донишкада

Санаи 13-уми майи соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Шўрои ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Донишкада баргузор гардид. Дар маҷлис Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Ғозиев А.Б. иштирок ва суханронӣ намуд. Муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Г.У. маҷлисро оғоз намуда, аз саҳми собиқадорон дар пешрафти Донишкада ёдовар шуд.
Сипас, ҳисоботи раиси Шўрои ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Донишкада н.и.и., дотсент Маҷидов А. дар давраи сипаригардида шунида шуд. Таъкид гардид, ки собиқадорони Донишкада дар тамоми самтҳои фаъолияти муассиса фаъолона иштирок намуда, дар тарбияи мутахассисони оянда нақши муҳим доранд.
Баъдан, тариқи овоздиҳии кушод ҳайати нави Шўрои ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Донишкада интихоб гардид.
Дар фарҷоми маҷлис собиқадорони меҳнати Донишкада д.и.ф., профессор Солиҷонов Р., д.и.и., профессор Ғозибеков С.А., д.и.и., профессор Азимов А.Ҷ., н.и.и., профессор Усмонов И.У., н.и.к., профессор Қобилов Н.Қ. ва муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Мақсудова С. бо фикру андешаҳои ҷолиб баромад намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *