ҒАНИГАРДОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ, АХЛОҚӢ ВА СИЁСӢИ ШАҲРВАНДОН – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶОМЕА

Пӯшида нест, ки имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногувор ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки ин терроризм ва ифротгароӣ (экстремизм) мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор рафта, он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Лозим ба зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун мавкураи зуроварӣ ва таъсирасонӣ дар тамоми миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давалатҳо, минтақаҳои алоҳида ва дар маҷмуъ барои тамоми сокинони саёра воқеан, таҳдид менамояд. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшида лозим аст ва он талаботи замон аст. Тавре, ки Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон дар сатҳи дохиливу байналмилалӣ иброз медоранд, терроризм ва экстремизм ҳамчун содир намудани амалҳои нодуруст ва таҳдидкунандаи хавфу хатар натанҳо барои давлати алоҳида, балки барои тамоми сокинони сайёра ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз давлатҳои ҷаҳон пайваста даъват ба амал меоранд, ки доир ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳои судманд ва ҳамкории густурдаи байналмилалиро дар ин самт таквият диҳанд. Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррўз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем,ки гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.Чунончи тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Туркия, санаи 28 январи соли равон ду нафари ниқобпӯш ҳангоми намози пешин дар калисои итолиёвии католикӣ бо номи Марияи Муқаддас, воқеъ дар маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул ворид шуда, аз болои намозгузорон тир кушоданд. Аз миёни ибодаткунандагони колисои мазкур беш аз 50 нафар буданд, чанд тан тир хӯрда, як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи маълумоти мақомоти зикршуда ду гумонбаршавандаи асосӣ дастгир карда шуданд, ки яке зодаи кишварамон дигаре шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад. Бояд қайд кард, ки созмони террористӣ, ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДИИШ, ДОИШ ва ё бо номи “Давлати исломӣ” зикр мегардад, масъулияти ҳамла ба калисои мазкурро ба дӯш гирифтааст. Ҳамчунин, тибқи хабаргузории “ANSA” пулиси Итолиё дар шаҳри Рум 8-уми апрели соли 2024 як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро ба гумони терроризм ва узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ боздошт кардааст. Боздоштшуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ҷурми ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия, дар соли 2014 таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрўза терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Дар умум метавон иброз намуд, ки муқовимати оштинопазир бо терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои мубрам ва қобили таваҷҷуҳ дар сиёсати дохилӣ ва берунии кишвари мо ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои қударатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ва самаранокро роҳандозӣ намуда, ҷонибдорӣ сулҳу суботи сартосари дар тамоми сайёраи замин ва пуштибонӣ аз тадбирҳои андешидаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт мебошад. Бо ин мақсад дар кишвари мо сиёсати ҳуқуқии мукаммал тарҳарезӣ гадида, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, то дар таҳкими суботи комили сиёсии тоҷикистони азиз поягузор бошанд, чунки суботу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҷойгоҳи тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ доранд. Хулоса, ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин ҳаводиси номатлуби ҷомеаи имрӯза хулосаи зарурӣ бароранд ва баҳри ғанигардонии маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва сиёсии хеш кушиш харҷ намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоламон соли 2024 -“Соли маърифати ҳуқуқӣ”эълон шудаст, ки ин иқдоми навбатии Сарвари кишвар баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳад кард. Воқеан, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд. Умедворем дар ин сол тамоми масъулин, ҳуқуқшиносон, воситаҳои ахбори омма барои сохтани ҷомеаи муттаҳиди маданӣ ва давлати ҳуқуқбунёди миллӣ кӯшишу талош намуда, дар ин масир қадамҳои устувор мегузоранд.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *