Вохўрӣ бо корманди шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Санаи 25-уми апрели соли равон вохўрии устодон ва донишҷўёни Донишкада бо корманди шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҳусейнзода Беҳрўз баргузор гардид. Вохўриро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна оғоз бахшида, аз зарурияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ёдовар шуд.
Сипас, корманди шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҳусейнзода Беҳрўз бо маърўзаи пурмуҳтаво баромад намуд. Таъкид гардид, ки техникаю технология ва шабакаи интернет дар байни ҷавонон васеъ истифода мегардад. Дар ин замина, ҳар як нафар истифодабарандаи шабакаи интернетию иҷтимоӣ, махсусан ҷавононро зарур аст, ки дар доираи ақлу заковат ва тафаккури худ аз ин манбаи иттилоот истифода намояд ва ба фиреби ташкилотҳои террористию экстремистӣ бовар накунанд.

Ҳусейнзода Беҳрўз дар идомаи баромади худ зикр намуд, ки ҳоло 25 адад ташкилотҳои террористию экстремистӣ фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд. Ин гурўҳу ташкилотҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, ҷавононро бо суханони бардурўғу беасос гумроҳ менамоянд. Аз ин рў, ҷавононро зарур аст, ки дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд ва аз тафаккури интиқодии худ кор бигиранд. Ҷавонон бояд доимо ташаббускор бошанд ва ба корҳои манфиатбахш машғул шуда, дар таҳсилу фаъолият Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Баъдан муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Фирўз ба музокира баромада, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки имрўз барои тамоми қишрҳои ҷомеа як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор гардида истодаанд. Аз ин рў, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва Истиқлолу озодӣ расида, ҳиссаи арзандаи худро баҳри пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон гузоранд.

Дар фарҷоми мулоқот муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна аз ҳозирин, махсусан донишҷўён даъват ба амал овард, ки бо таҳсили намунавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида номбардори падару модар ва пайвандони худ бошанд. Дар корҳои ҷамъиятӣ, озмуну мусобиқаҳо фаъолона иштирок намуда, Парчами кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *