Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсия тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки раҳбарияту аъзоёни паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли, ки дар асл ҳамон Ҳизби наҳзати ислом мебошад, имрузҳо тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, ровиаш Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, бо ҷалби шогирдону пайравонаш доир ба мавзуъҳои мухталиф, алалхусус дастоваврдҳои беназири кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, нисбат ба давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодааст. Ҳар бинандаву шунаванда бе душворӣ пай мебарад, ки бадхоҳони миллат зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиашон «аз пашша фил месозанд». Чунончӣ, санаи 25 апрели соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир“ зимни баромадҳои ифротии навбатиаш Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби шоигирдаш Сулаймон, пайравонаш Тағоев Муҳаммад, Абдураҳмон, Асадуллову Мақсуда ва як қатор афрод болақаби ғайримаъмулӣ, аз ҷумла Ҷонсон, Туроб, Мусулманка, Сибир дар атрофи масоили сафари кории Сарвари кишвар ба Италия ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво андохтан кӯшиш намуданд. Ин тудаи бадхоҳони миллат ақлу фаросат надоранд ва сиёсати на танҳо дохилӣ ва хориҷии кишварро сарфаҳм нарафта, ҳар сухани дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату Ватан, ба давлати тоҷикон хиёнатро раво медоранд. Таъкидан оид ба сафарҳои Сарвари кишварамон андешаронӣ карда, ба тудаи бадхохони миллат гуфтанием, ки воқеан, сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари пешрафтаи Аврупо — Ҷумҳурии Италия, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, баррасии масъалаҳои муфиду муҳим байни ҳайатҳои расмии ду мамлакат исботи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунёвӣ, ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳон мавқеяшро устувор нигоҳ медорад ва сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро дар амал татбиқ менамояд. Воқеан, Тоҷикистон ва Италия имконият ва шароити фарох доранд, то ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургия, маъдану кимиё, инчунин саноати сабук, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ амалӣ намоянд. Дар ин маврид ҷалби сармояи мустақими Италия ба рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду давлат манфиатовар аст. Бояд қайд кард,ки дар баробари баррасӣ намудани масъалаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Италия ҳамкории ду давлатро дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дигар ташкилоту созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистону Италия аъзо ҳастанд, амри ниҳоят зарурӣ донистанд. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай ташаббусҳои Тоҷикистонро дар робита ба об, тағйирёбии иқлим, зарурати ҳифзи пиряхҳо ва рушди иқтисоди «сабз» ҷонибдорӣ намудааст.
Хулоса, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии кишвар талош варзанд.
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсия дар фарљоми изҳороти хеш рафтору гуфтори иғвогаронаи ҳамммаслакону пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” ва дигар созмонҳои ифротиро шадидан маҳкум карда, то љон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон боз дубора ғуборолуд гардад!