ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – ГУРУҲИ БАДМАНИШ

Дар мақолаи навбатиамон тасмим гирифтем, ки оид ба фаъолияти худсохти наҳзатиҳо –“Паймони миллӣ..” ибрози андеша намоем. Имрузҳо ин гуруҳи бадманиш, яъне бадфикру бадақида дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”дар барноми ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”, ки ровиаш Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, бо шогирдону пайравонаш ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ ва иғвоангезӣ машғуланд, ки ба ягон қолиб рост намеояд. Зимни баромадҳояшон асосан ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуда, бештар аз зери нохун чиро мекобанду аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Бо ин роњ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Диққати асосии тарғиботи онҳо бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҳама гуна ҷомеа, ҳадафашон таъсиси ба ном “Давлати хилофат” аст. Бояд ёдовар шуд, ки љанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар, кӯшиши гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ,аз ҷумла раҳбарияту ҳаммаслакони собиқ ҲНИ ба табаддулоти низомӣ дар соли 2015, террор нисбати сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 мебошад. Хиёнате, ки бо ваҳшигариву зулму ситам, хунрезиву ҷаллодӣ ва дасисабозӣ, ки наҳзатиҳо содир намуданд, ҳеҷ нобахшиданист!
Хулоса, имрўзҳо раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..“, ки мо дар оғози андешаамон зикр кардем, яъне аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садридин ва шогирдону пайравонаш, бахусус Абдухалил Восиев, Ҳусейн Ашӯров, Сулаймон ва Муҳаммад Тағоев бештар тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаҳо бо номи “Минбари муҳоҷир, “Ҳақ ва ботил”, “Дурахши ҳак” баромадҳои ифротиро ба роҳ мондаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури наҳзат, алалхусус Муњаммадиќболи суханбози мунофиқ ва гуруҳаки бадманиш-шогирдону пайравони наҳзатиҳо барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш ва ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида бояд қайд кард, ки раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлату ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *