Санаи 20-уми октябри соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ғаффорзода Нигорахон – муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳбоз Шосаидзода – ёвари директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Алиназар Ашӯров – корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Хуршедахон – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Муяссара Қаҳҳорӣ – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Маърӯзачиён дар баромади худ аз мазмун ва моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда, аҳли нишастро барои муқовимат бар зидди амалҳои номатлуби ҷомеа даъват намуданд.