МАРДУМФИРЕБӢ – ИЛЛАТ БА МИЛЛАТ

Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки баду номурод ва бефикру беиффатанд. Нодидаву нодониста бо ҳама гуна фардиятҳои ношинос дӯстиву ошноӣ меварзанд. Пайи пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз кабили дуздӣ, мардумфиребӣ, бадмастиву кучагардӣ машғул мешаванд. Иззат Амон аз қабили ин гуна афрод аст, ки таи 20 сол бо қаллобӣ машғул асту чандин муҳоҷиронро ғорат кардааст.Вай сӯйистифода аз вазифа ба боварии муҳоҷирон ворид шуда, бо ҳаргуна роҳҳо онҳоро фиреб дода, маблағҳои зиёди онҳоро соҳиб шудааст. Чунончӣ, тибқи иттилоои расмии ВКД ҶТ Иззат Амон бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Федератсияи Россия қарор дош, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад. Иззат Амон ҳамчун ҳуқуқшинос дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон кор анҷом надодааст ва кӯмаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст.Чунин мисолҳо хеле зиёданд. Инчунин ӯ худро ҳомии муҳоҷирони тоҷик нишон дода, дар бораи сиёсати кишварамон аз номи муҳоҷирон гапҳои росту дурӯғ паҳн намудааст. Масалан дар як мусоҳибаи телевизионӣ роҳбарони ҳизби ғайриқонунии собиқ ҲНИ-ро “мусичаи бегуноҳ” нишон дода, бо ин баромадаш, худро яке аз шогирдон ва ҳаммаслакони нави наҳзатиён, арзёбӣ кард, ки оқибат аз ИЗЗАТ ба БЕИЗЗАТ табдил ёфт. Иззат Амон аз қабили онгуна инсонҳост, ки сиришташ сар то по фиребу найрангбозист. Пеш аз ҳама бемаданиятӣ, дуздию мардумфиребӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷуиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуби Иззат Амон дохил мешаванд, ки инсонро ба беобрӯгиву шармандагӣ ва ниҳоят иллат ба миллат мезанад. Ниҳоят барои содир намудани чунин амалҳои номатлубаш мақомоти дахлдори Федератсияи Русия шаҳодатномаи шаҳрвандии вайро бекор карда, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ кушода буд. Чунин одамони қаллобу берӯ аз бехабарии мардум ва муҳоҷирон аз асли воқеа истифода мебарад. Инчунин барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Иззат Амон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Имрӯз баъди истирдод (депортация) ӯ аз Русия дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти дахлдор дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ниҳоят бо қарори Суд аз озодӣ маҳрум шуд. Касоне, ки ба корҳои номатлуб даст мезанад, оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем,ки қонун барои ҳама як аст ва бигузор Иззат Амон ҷазояшро бигирад! Ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад.

Р.Анварӣ
ассисенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *