Вохӯрии намояндагони Бонки байналмиллалии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДИС ДДТТ

Баҳри татбиқи барномаи давлатии гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ва амалигардонии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» санаи 03 ноябри соли
2021 бо ибтикори кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ вохӯрии намояндагони Бонки байналмиллалии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ихтисосҳои 40010202-технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) ва  25011200-информатикаи иқтисодӣ барпо гардид.  Вохӯриро декани факултет дотсент Шарипов З.У. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда,  қайд намуд, ки дар шароити имрӯза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани иқтисодиёти рақамӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда истодааст. Бинобар ин баҳри амалӣ сохтани ин ташаббус ҷумҳурии мо ба кадрҳои соҳаи IT-технологияҳо ниёз дорад. Имрӯз бо ибтикори кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ вохӯрӣ бо намояндагони Бонки байналмиллалии ҶТ – ҷонишини директори бонк дар вилояти Суғд Ҷӯраев Ҷ.Ҷ., директори департаменти IT-технологияҳои Бонки байналмиллалии ҶТ Голубев И.Н. ва сардори Шуъбаи таъминоти барномавии  Бонки байналмиллалии ҶТ Раҳимов Т.Р. ва дигар шахсон гузаронида шуда истодааст.

Дар баромади худ Голубев И.Н. ва Раҳимов Т.Р. маълумоти кӯтоҳ оид ба бонки зикршуда ва мақсади ташриф оварданашонро ба донишкада муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки норасогии кадрҳои баландихтисоси соҳаи IT-технологияҳо дар тамоми ҷаҳон ва аз он ҷумла, дар ҷумҳурии мо ба назар мерасад. Мақсади мо аз байни донишҷӯён ҷудо карда гирифтани донандагони болаёқати IT-технологияҳои муосир, таъмини гузаштани таҷрибаомӯзии музднок ва дар оянда фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои онҳо мебошад.

Дар интиҳои вохӯрӣ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯён варақаи тестии имтиҳонӣ иборат аз 10 мисолу масъалаҳо дода шуда, барои иҷроиш 30 дақиқа вақт ҷудо карда шуд. Рӯзҳои наздик натиҷаҳои имтиҳонӣ аз ҷониби бонк баррасӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *