Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 25-уми феврали соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҳайати ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Садриддинзода Манучеҳр Исломиддин ва дигар намояндагони донишгоҳ ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо роҳбарият, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишкадаи мазкур вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни баромади худ аъзои гурӯҳи корӣ оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки Пешвои миллат дар паёми худ ба онҳо диққати бештар равона карданд, ибрози назар намуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои мубрами рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таълим, самтҳои афзалиятноки пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир, тарбияи насли наврас, баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон равона гардид. Зикр гардид, ки корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати илмию омӯзгории донишкада бояд фарогири масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисоди кишвар бошанд.
Дар идомаи боздид аз донишкада аъзои гурӯҳи корӣ бо вазъи таълиму тарбия шинос гардида, бо донишҷӯён суҳбат ороста, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии муосир ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки имрӯз онҳо бояд мутахассисони соҳибтахассус на танҳо дар бозори меҳнати ватанӣ, балки берун аз он низ рақобатпазир бошанд.

1
2
3
4
5
6
7
8
9
11
10
IMG_5022
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *