Имрӯзҳо гурӯҳҳои терррористию экстремистӣ Давлати исломии Ироқу Шом, Ал-Қоида, ҲНИ, равияҳои ифротӣ ба монанди Ҳизб-ут-таҳрир, Ихвону-л-муслимин ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният қаблан вуҷуд доштанд вале, бо шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар диннию ва ғайридинӣ. Бо пуштибониҳои дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар. Бо номҳои дигар. Бо ҷеҳраҳои дигар. Масалан дар солҳои 90-уми асри гузашта яке аз ҳизбҳои бадхоҳ Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки алҳол дар кишвари Аврупо бо номи Паймони миллӣ бо дастгирии хољагони ҳориљӣ фаъолият мебарад. Барои тасдиқи ин қайд менамоем, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсонро нодида мегиранд. Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ ва бахусус дар Афғонистон мебинем. Баробари ин бояд қайд кард,ки баъд аз шикаст хурдани ДИИШ дар кишварҳои Сирия ва Ироқ љонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикӣ бархе аз давлатҳо ба кишвари Афѓонистон маскан гирифтаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Т.САЛИМОВ