ВАЗЪИЯТИ КУНУНИИ АФҒОНИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, имрузҳо вазъият дар Афғонистон, ки яке аз давлатҳои ҷангзада мебошад, хеле муташанниҷ аст. Ин вазъият тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, ки таъсири вазъи кунунии Афғонистон ба равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа ва саҳми кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар аз мавзуъоти муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар мавриди дурнамои вазъи Афғонистон, коршиносони соҳаҳои гуногун пажуҳишҳои зиёде, анҷом додаанд. Вале муҳимтарин воқеияти вазъи аслии он аз таҳлилу баррасӣ ва пешбиниву пешгӯии коршиносон дар мавриди дурнамои равандҳои сиёсӣ берун буда, ҳар замон вобаста ба бархӯрди манфиатҳо ва вазъи пешомада тағйир меёбад.

Равандҳои шаклгирифтаи вақтҳои охир дар Афғонистон ва шикасти норавшани неруҳои муқовимат дар шимол баёнгари он аст, ки минтақа бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хоси қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ қарор гирифтааст. Зеро вазъи кунунии Афғонистон бо ду хусусияти хос аз солҳои навадуми асри гузашта тафовут доранд.  Қаблан, дар нимаи дуюми солҳои 90-ум, ки ҷунбиши “Толибон”, Кобулро ишғол карда, мехостанд бо роҳи зурӣ сиёсатҳояшонро дар ҷомеа татбиқ намоянд. Аммо дар шаш соли инҳисори қудрат, ҳеҷ кишваре ба ҷуз Покистон, Имороти муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Сауъдӣ онҳоро эътироф накард. Сониян, бори дигар, мутаассифона, ба онҳо муяссар шуд, ки Афғонистонро тасарруф намоянд. Бо таваҷҷуҳ бо ин таҳаввули пешомада метавон гуфт, ки баъд аз соли 2001 Қазияи Афғонистон” аҳамияти бузургӣ ҷаҳониро ба худ касб кард. Бинобар ин, гурӯҳи “Толибоназ иштибоҳоти гузаштаи худ ибрат гирифта, равиши муборизаро тағийр додаанд. Яке аз ин намунаҳо озод кардани Амир Исмоилхон раҳбари ҷиҳодии замони ҷанги Шуравӣ мебошад. “Толибон” ба намоиш гузоштани чунин муносибат мехоҳанд, эътимоди мардум ва боварии ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намоянд, зеро бе ҳимояи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст овардани шароити сиёсӣ барояшон мушкил хоҳад буд. Аммо дар асл “Толибон” ҳамон гурӯҳҳои ифротии даҳҳаи 90 –ум буда, дар зеҳн ва дидгоҳи онҳо ҳеҷ тағийре сурат нагирифтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кишвари Афғонистон ҳаммарз мебошад, роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри барпо намудани сулҳу субот дар ин кишвар тадбирҳои назаррас андешида истодаанд.Чунончӣ, 17 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид. Ҳайатҳоро мутаносибан Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон Ҳаниф Атмар роҳбарӣ карданд. Баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, инчунин табодули афкор дар мавриди вазъи минтақа ва ҷаҳон баргузор гардид. Инчунин, санаи 17 сентябр дар Тоҷикистон мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор шуд, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шуда буд. Пас аз ҳамоиши сарони давлатҳои СҲШ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилии калидӣ барои амнияти минтақаҳои СҲШ ва СААД табдил меёбад. Инчунин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.[1]таъкид доштанд:“Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳад”.

Пешвои хирадманди мо – Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ доранд, таъкид ба амал оварданд, ки мо ҳама розӣ шудем, ки саъю кӯшишҳо бояд ба он равона карда шаванд, ки барномаи манфии рушди ҳодисаҳо дар ин кишвари ҳамсоя пешгирӣ карда шавад. Бинобар ин, мардуми шарафманди тоҷик низ барои ҳимояи марзу буми ватани хеш омода ҳастанд ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

                               ШОРАҶАБОВА Ш. З.,

ассистенти  кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *