ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ!

Мусаллам аст, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон, ки дар феҳристи созмонҳои террористии Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, вазъро дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 бо забти Қобул ва умуман Афғонистон боз ҳам мураккаб намуда, боиси ташвиш ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки тибқи шартномаи Доҳа, ки дар кишвари Қатар ба имзо расид буд, бо баромадани неруҳои ИМА аз Афғонистон, мебоист аз ҷониби ҳаракати «Толибон» ҳукумати ҳамашумул, бо дарнардошти манфиати қавму миллатҳои Афғонистон ва гурӯҳҳои сиёсӣ таъсис дода мешуд. Вале, мутаассифона, ҳаракати «Толибон» ба аҳд вафо накарда, ҳукумати қавмигароиро дар доираи манфиатҳои паштун созмон дода, хилофи меъёрҳои конститутсионии Афғонистон, сохторҳои идоракунӣ, аз қабили ҳокимияти президентӣ ва парламентиро шикаст дода, давлатро бо номи Аморати Исломии Афғонистон эълон намуд.То ҳол ягон кишквари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати «Толибон»-ро эътироф накардааст.Дар баробари ин, ҳаракати «Толибон» вазъро дар Афғонистон пурра идора карда натавониста, ба таври геносиди миллии тоҷикону ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва дигар қавмҳо даст зад. Ба ин қазияи Афғонистон кишвари мо наметавонад бетараф бошад, зеро, мо ҳамсояву ҳамзабонем. Бинобар ин баҳри ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ – ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчун ба ҳайси раисикунанда ва мизбон роҳбарони давлатҳоро сароҳатан ба вазъи Афғонистон ҷалб намуданд. Дар ҳақиқат таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит менамояд, ки зимни музокироти сатҳи олӣ дар масоили эътидоли авзо дар Афғонистон ҳаматарафа пуштибонӣ карда шуд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар аз сӯи ҳаракати «Толибон» мавқеи худро ошкоро баён намуда, эълон дошт, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст.Воқеан изҳори назари Пешвои миллати тоҷикон оид ба Афғонистон ва хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар асоси таҳлилҳои амиқу пешбиниҳои дақиқ сурат мегиранд. Бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигарбораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Дар робита ба пешниҳодҳои Сарвари кишвар бояд қайд кард,ки
кишвари мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бояд пазируфта шавад. Баробари ин бояд тазаккур намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд аз вазъияти сиёсии давлати Афғонистон бетараф бошанд. Ҷиҳати пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардум бояд бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, кӯмакҳои молиявии худро суроғавӣ дареғ надоранд ва бетарафиро касб накарда,аз коғазу арзу баён ба амал гузаранд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *