ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АЗ ТАЪЛИМИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ САРЧАШМА МЕГИРАД!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҷомеаи имрӯза терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин хатар, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст. Доир ба яке аз омилҳои паҳншавиии ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша менамоем. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки асоси паҳншавии терроризм ва экстремизм аз таълими ғайриқонунии динӣ сарчашма мегирад. Натиҷаи таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳанд, ки 90 – 95 фоизи аъзои ташкилотҳои терррористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Доир ба ин масоил андешаронӣ намуда қайд кардан ҷоиз аст, ки воқеан раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ,сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар шароити хуҷраҳо ва манзили зисти рўҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад.Тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таасубу хурофот, радикализими динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурўхў созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мемонад.Чунончӣ расонаҳои хабарӣ танҳо дар солҳои 2019-2020 ва нуҳ моҳи соли 2021 ҳамагӣ дар кишвар 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ 1 нафар ва равияҳои ифротии “Ихвон-ул- муслимин” 1 нафар ва “Салафия” 1 нафар ба қайд гирифта шудааст. Баробари ин бояд қайд кард, ки аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар нисбат ба 33 нафар падару модароне, ки фарзандонашонро барои гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ сафарбар карда,барои рафтан ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ монеа эҷод кардаанд, тибқи моддаи 164 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буданд.
Бо дарназардошти вазъияти баамаломада дар соли 2021 дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав -3341 – “Fайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ” ворид гардидааст. Дар робита ба моддаи мазкур бояд қайд кард, ки дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ҷарима ба андозаи ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда,яъне баробар ба 48000 то 72 000 сомонӣ ва ё аз озод ба мўҳлати се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ёбидуни он ҷазо дода мешавад.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, содиқона паи хизмат ба миллату кишвари худ бошанд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *