ФАЪОЛИЯТИ “ТИҶОРАТИ”-И М. КАБИРӢ –“ТИҶОРАТ”-И МАЗҲАБГАРОИЮ ВАТАНФУРЎШИСТ

Дар барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ бо дидани намоиши видеои бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” оид ба амалҳои содиршудаи террористӣ собиқ узви раёсати олии ҲНИ  Аёмиддин Сатторов  бо баробари иқрору пушаймониаш фаъолияти кунунии ҳизби мазкурро зери эътироз қарор дод. E дар рафти баромадаш асосан Мухиддин Кабириро гунаҳкори асосӣ ҳисобида, аз ҷумла қайд кард, ки сабаби ба ҳизб шомил шудани ў асосан фаъолияти тиҷоратиашро ба роҳ монда, аз ҳисоби маблағҳои ҳоҷагони хориҷиаш даромади муфт гирифтан  мақсад   доштааст ва гўё манфиати ҲНИ-ро ба инбот нагирифта бошад.

Ба ин ақидаварзӣ суханҳояш тасдиқи худро меёбад….? Вале ба ҳар ҳол бояд тазаккур кард, ки ҷанбаи тиҷоратии  Кабирӣ дар он аст, ки дар оянда бо таъсиси ташкилоти иловагӣ, гирифтани гранту кўмакҳои хориҷӣ барояш хеле осонтар мегардад. Кабирии «тоҷир» бо ин қадами туҷҷорӣ метавонад даромадашро дучанд кунад. Мувофиқи гузоришҳо фақат дар се соли дар хориҷа қарор доштан сармояи М.Кабирӣ се баробар афзоиш ёфтааст.

Аммо ба ақидаи ҷабҳаи сиёсии  фаъолияти М. Кабирӣ назар кунем, он паҳлуи дигар дорад, ки онро  шарҳ додан ҳатмӣ аст. Яъне, “тиҷорат-и роҳбари кунунии назҳатиён ин ба ивази ватанпарварӣ, поквиҷдонӣ, ҳуввияти миллӣ, фурўхтани адлу инсоф, хиёнатгарӣ, ватанфурўши, пайвандону хешовандонро ва ҳатто кудаку наберашро гумроҳ кардааст, ки он оқибати нек надорад.

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш  баҳри иҷрои рисолати ватанфурўшии худ, қодиранд на танҳо аз баҳри ин сарзамину хонаву дар бароянд, балки бар муқобили Ватани худ, модари худ овоз баланд кунанд, гапи носазо, дашному ҳақорат гӯянд ва то ҳатто санг бар ҷониби ин замини муқаддас зананд. Ин аст “тиҷорат”-и кунунии роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ. Ҷои таассуф аст, ки ному симои назҳатиён ҳамчун душманони миллат, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун муздурони бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд. Дар интиҳо метавон гуфт, ки ниқоби онҳо имрӯз аз рӯяшон гирифта шуд. Ақидаи ғаразноки онҳо ба ҳамагон маълум аст.

  Ахмедов М.,
сармуаллими кафедраи математикаи ол
ӣ
ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *