ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ОРОМ АСТ.

 

Дар натиҷаҳои даргириҳои муссалаҳои  рӯзҳои гузашта дар марзи Тоҷикистон ва Қириғизистон ҳар як ҷонибро ба ташвиш андохт.

Дар чаҳор рӯзи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрдҳои хунин ба амал омад. Сабаба дар чист ? Ба суол посух додан мягон мушкилие нест ва новобаста аз ба суол посух дода, ки  солҳои охир қирҳизҳо сокинони шаҳри Исфара хоса, Чоркӯҳу Ворухро бештар азият дода, замини киштро поймол ва чорворо рабурда осеб мерасониданд. Нињоят ин масъала аз муноқишаи лафзӣ ба сангсор кардани мардум, баъдан тир кушодан бо милтиқи шикорӣ ва то истифодаи аслиҳаи ҷангӣ расида, дар натиља ба мардуми тоҷик зарарҳои ҷониву молӣ расониданд.

Хушбахтона дар натиҷаи гуфтушуниди якчанд маротибаи   байни сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қиргизистон:  Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва Президенти  Қирғизистон Содир Жапаров   вазъ ором шуд ва ҳеҷ тирандозӣ то ҳоло сурат нагирифтааст.

Аз маълумотҳои мақомоти маҳаллӣ ва манбаҳои боварибахш тасдиқ карда мешавад, ки  дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоати  Сурхи шаҳри Исфара садои тирро нашунидаанд.

Роҳи Хуҷанд-Исфара кушод аст  ва сокинони ҷамоати Чоркуҳу Ворух бе монеа равуо мегарданд.

Дар ҷамоати Ворух ва деҳаҳои Хоҷаи Аълову Сомониён, хатти барқи вайроншуда бо пуррагӣ таъмир шудааст.

Рӯзи 2 юми май дар байни Мақомоти Давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии Саймӯмин Ятимов раиси Кумитаи давлати амнияти милли Тоҷикистон,  Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд,  Азим Иброҳим –вазири нақлиёти Тоҷикистон бо супориши Президенти Тоҷикистон бо мақомотҳои Ҳукумати Қирғизистон мулоқоти судмандро анҷом доданд.

Ҳадафи асосии ин мулоқотҳо ҳамзистии осоишта ва ҳамдигарфаҳмии байни тоҷику қирғиз ки он дар натиҷаи бозхонд намудани нерӯҳои низомӣ аз марзҳо ва хотима додани задухӯрдҳои мусаллаҳона мебошад.

Шоири машҳури қирғиз, шоири халқии Қирғизистон Қурбаничбек Маликов гуфтааст, ки «Дар байни халқҳои Осёи Миёна тоҷикон аз ҳама дида маданияти қадима ва олидараҷа доранд. Рафтори халқи тоҷик халқи сулҳдӯсту боистэъдод ба қирғизҳои кӯчманчӣ таъсири муфид расонидааст».

Бовари дорам, ки ақли солим бартари меёбад ва дар моҳи Шарифи Рамазон Сулҳ барпо мешавад.

Аз мо ба ҳамсояи қирғиз саломи гарму ҷӯшон на ҷангу ҷудол.

 

Маҷидов Абдунасим, номзади илмҳои иқтисодӣ, досенти кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *